Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Аминзода, ки пеш аз ба саҳна баромадан ягон бор репетиция накардааст, шишту хез ва гаштро намедонист ва бинобар ин, дасту по гум карда, ҳисоби аз саҳна гуреҳтанро намеёфт. Лекин тамошобин хабардор шуд, ки ин ролро шоири маҳбуб Аминзода мебозад, ба ҳар рафту омади ӯ чапак мезад. Вале аз рӯи воқеан пьеса вақте ки ӯ «мурд» ва ба катча хобонданд, пойҳояш нимгаз берун монд: катро ба қадди Солеҳзода мувофиқ сохта буданд...
Баъди тамошо ба қафои саҳна омадам, ки Аминзодаи аз шарму ваҷд арақ зер карда, куртааш ба баданаш часпида, гримро аз рӯяш пок мекард. Маро дида сурхтар ва ҳатто сиёҳии чашмаш беҷо шуд.
— Ту лаънатӣ ҳам дар тамошо будӣ? — пурсид ӯ.
— Аз чунин тамошои такрорнашаванда хайрият, ки намондаам. Ба ту чӣ ҷин зад, ки ба саҳна баромади? — пурсидам.
— Ин номаъқулиро дигар дар умрам намекунам.
Сад тавбаю ҳазор алҳазар! — гуфт ӯ. — Арристӣ осон набудааст.
XII
Аҷаб! Китоб ҳам қимат буду ҳам харидор надошт.
Зотан, ҳар он чӣ аз қимати бехаридор монад, ба ҷуз ҷавоҳирот, арзон мешуд. Вале китоб агарчанде ки талабгорони кам андар кам дошт, арзон намешуд. Оё баъзе ҷавонони шаккоки ҳозира бовар мекарда бошанд, ки ҳамин Ленинободи ҳоло бисту ду дӯкони газетаю китобфурӯшӣ, понздаҳ китобхонаи қариб як миллион номгӯй китобдор, ҳамааш шуда панҷоҳу се сол муқаддам як дӯкони китобфурӯшӣ дошту бас! Оре, токчаҳои хонаи олиону фозилон ва китобдӯстони ҷудогона аз китобҳои дарсии чӣ мактаб ва чӣ мадраса, ҷангномаҳо, қиссаю афсонаҳо, осори шоирон пур буданд. Вале ҳамоно ҳам ба аксари мардум, ки савод надошт, дастрас набуданд.
Ман «Қуръон»-ро ҳарчанд маънии ягон калимаи
вайро нафаҳмида ва «Чор китоб»-ро хонда тамом кардаму акнун мебоист Хоҷа Ҳофизхонӣ кунам. Падарам
ба модар фармуд, ки «ин тараф он тарафҳоро дарак кунад. Шояд аз ягон хешованд ё ҳамсояи савобталаб
Ҳофизи нодаркор шудамондае ёфт шавад. Ин умед ҷомаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо