Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Зариф ӯро ба гап гирифт. Пурсид, ки дар Ленинобод чӣҳо дид ва куҷоҳо рафт. Ӯ дар омади гап гуфт:
— Ба театр ҳам даромадам. Аминзода гуфтани кас «Шараф» ном як пьеса навиштааст. Ба ман он қадар маъқул нашуд.
На фақат Аминзода, ману Зариф ҳам ҳичил шудем.
Якто-якто ҳар се ба роҳрави вагон баромадем. Зариф ба Аминзода гуфт:
— Акнун то Сталинобод рафтан, номатро дигар мекунем. Биё номат Аҳмедов. Набошад, фаҳмида монад, шарм мекунад.
Ҳар се хандоҳаке кардему то рафтан ба Сталинобод Аминзодаро «рафиқ Аҳмедов» номидем. Аҷобати нақл, нуқтаи арши вай дар ҷои дигар аст. Аз миён сӣ соли тамом мегузарад. Як рӯз Зариф Раҷабов ба театри опера ва балети Душанбе омада, се қатор пештар аз худ Аминзодаро мебинаду «рафиқ Аҳмедов» — гӯён оҳиста чеғ мезанад. Зариф завқ карда ба ман мегуфт, ки Муҳиддин ҳамин ки ин номро шунид, зуд ба қафояш нигоҳ кард ва маро дида, худро дошта натавониста, то аз чашмаш об баромадан хандид.
Воқеаи ғалатии дигар.
Иҷрокунандаи роли асосии пьесаи «Ҳалима» Неъмат — ҳунарпешаи хушовоз Ҳоҷимурод Солеҳзода ё бетоб буд ва ё воқеаи дигар шуда ба театр намеояд. Вале аз ин бехабар афишаҳо бароварда ба тамошобин нишон додани «Ҳалима» ваъда карда шудааст. Чӣ бояд кард?
Билетҳо фурӯхта шудаанд ва ҳамчун ҳамеша зал пур.
Аммо Солеҳзода набуд.
— Ман ба ҷои ӯ мебароям, — мегӯяд Аминзода.
— Илоҳӣ барака ёбед, муаллим, — хурсанд мешавад директор. — Як коре мекунед-дия.
Мани аз воқеа бехабар он шаб ҳавсалаи тамошо кардан ба театр омада будам. Як маҳалле ба ҷои Солеҳзода лӯк-лӯккунон Аминзода ба саҳна баромад. Ӯ суханҳоро аз Солеҳзода хубтар мегуфт. Сурудҳоро ҳам бад намехонд. Аммо исту бисташ ханда: ҷомаи беқасаби Солеҳзода кӯтоҳӣ карда, ба зонуи вай базӯр мерасид. Баъд маҳбубаи ӯ артистка Саврӣ Бурҳонова ба китфаш ҳам баробар набуд, ҳар дафъа ба рӯи Аминзода нигоҳ карданӣ шавад, қарси абрешиминаш ширрӣ аз сараш ба қафо мефаромад. Зеро ӯ манахро боло мебардошт, ки ба он баландӣ нигарад.

пешина
аз 447
навбатӣ