Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
зиддисӯхтор бошанд, ба мобайн даромада, остину поча барзада меистоданд, ки нохост аз ин ҷамъомади мардум чун аз ғарами беда оташе дар гирад, хомӯш намоянд. Дар охири ҳар парда чапак мешуд. Баъди тамом шудан бошад, ғулғулаю дасткӯбӣ, чунон ки мегӯянд, тамошогоҳро ба ларза овард. Боз маро ба саҳна бароварданд. Ман ба ҷои табрик намудани режиссёр ва ҳунарпешагон аҷаб, ки рӯ ба мардуми тамошобин оварда гуфтам:
— Рафиқон! Раҳмат! Ваъда медиҳам, ки пьесаи аз ин хубтар нависам.
Ин қавлро ман баъди гузаштани чанд соли дигар ба ҷо овардам. «Саодат»-ро сар то по аз нав навиштам. Аз шеърҳои аввала дар ин вариант намонд. Ба пьеса «Субҳи саҳро» ном ниҳодам. Инро театри шаҳри худамон ба саҳна гузошт. Муваффақияти пьеса бад набуд. Барои ин театр, ки ман мухлиси он ва мӯътақиди ҳунарпешагони ваям «Муҳаббат», «Ду вохӯрӣ», «Дили шоир»-и худро навиштам ва барояшон чанд пьесаро тарҷума ҳам кардам. Ҳоло нияти навиштани пьесаи «Дидорӣ доҳӣ»-ро дорам. Вай аз вохӯрии таърихии намояндаҳои занони Осиёи Миёна бо В. И. Ленин ба бинанда бояд нақл намояд.
Аминзода муддате нагузашта ба театр омад. Забони артистон ӯро ба ташвиш гузошта буд. Лаҳҷаи маҳаллии ҳунарпешагон, аз худ ҳамроҳкунии суханҳо ва талаффуз карда натавонистани калимаҳои бисёре дар ҳар пьеса дида мешуд. Аминзода мувофиқи хоҳиши ман раҳбари адабии театр шуд. Дар ӯ шавқи пьесанависӣ зиёд гашт ва драмаи мусиқии худ «Шараф»-ро навишта овард. Ин аввалин асари саҳнавӣ дар бораи синфи коргари ба вуҷуд омадаистодаи тоҷик, ба ҳаёти коргарзанони комбинати абрешим бахшида шуда буд. Пьесаро тамошобин дар ёдам ҳаст, ки бағоят гарм қабул намуд.
Дар ин ҷо як воқеаи вобастаи ин пьеса ҳаст, ки нақлаш ҷоиз аст.
Баъди чанд вақти ба саҳна гузошта шудани «Шараф» — як рӯзи тобистон Зариф Раҷабов, Муҳиддин Аминзода ва ман ба Сталинобод мерафтем. Ба купеи мо ҷавоне аз Ленинобод баромад. Фаҳмидем, ки корманди Кумитаи Марказии комсомоли республика асту отпуски худро дар Ленинобод гузаронда, ҳоло бозгашт мерафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо