Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ба гулаҳ мераванд-ку.— Баъди ин ман лаҷоми суханро ба сӯи дигар тофтам.— Барои газетаимон ягон чизи наватон ҳаст?

— Ёфт мешавад. Хонаи гург беустухон нест,— Аминзода «Саодат»-ро пӯшида, ба як тараф ниҳод.— Медонед, ман чистонҳои нав машқ карда истодаам. Чистонро аз қадимулайём на фақат бачагон мегӯянд. Чистонҳое буданд ва ҳастанд, ки сари одамони калонсол ва ҳатто донишмандонро гаранг мекунанд. Чистон фикри бачаҳоро мекушояд, онҳоро ҳозирҷавоб мекунад. Чизҳои нав: трактор, колхоз, автомобиль, электрик, самолёт ғайра ва ғайра пайдо шуданд. Нияти ман ҳамин, ки ҳамонхоро ба чистон дарорам.

— Ин аҷоиб мешавад. Илтимос мекунам, ки аз ҳама ҷо пеш дар газетаи худи мо чоп шавад,— дарди ҳамаи газетачиёнро гуфтам.— Онҳо тайёранд?

— Не-е... мад кашид Аминзода,— ниятам ҳаст гуфта истодааму шумо аллакай остонаи дари духтари нав таваллудшударо рӯфтаед. Майлаш, гуфти шумо шавад. Аввал дар ҳамин ҷо чоп мекунем. Лекин як илтимос. Ба вай як сарсухан медиҳед. Худатон нависед, беҳтар мешуд.

— Аз ин мебарояд, ки тайёр? Ба ҷонам. Менависам.

— Ҳоло як қадар кораш ҳаст. Як арраю ранда карда, сайқал додан даркор аст.

Бо ҳамин таҳкурсии бинои ошной ва дӯстии якумраи ман бо ин одами соҳибдил, хоксор, чанд хиште ниҳода шуд. Ман инро аз қиёфа, мазмуни гуфтори шоир пай бурдам.

Баъди чанде Аминзода чистонҳояшро овард. Вай дар адабиёти советии тоҷик навӣ буд. Ман бо сарлавҳаи «Чистонҳои замон» ба он сарсухан додам, ки дар газетаи «Большевики Хуҷанд» чоп шуд.

Театр хоҳиши маро ба инобат нагирифт. Ман мехостам, ки баъди дида баромадани Аминзода пьесаро бори дигар худам тасҳеҳ намоям ва ягон ҳафтаи дигар артистон кор кунанд. Ба ин маъмурият ва режиссёри театр розӣ нашуданд. Чунки ба кӯчаҳои шаҳр эълони «Саодат» часпонда шуда буд ва ҳатто баъди нонушта карнаю сурнайчиҳои аробасавор кӯча ба кӯча навохта гашта, мардумро ҷамъ карда, эълон менамуданд. Илоҷи ман чист? Пьесаро ба саҳна гузоштанд. Одам чунон бисёр буд, ки дар роҳравҳо мардум рост меистоданд. Ходимони

пешина
аз 447
навбатӣ