Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ман паррондед. Ягонтои мо барои дигарҳо ин қадар заҳмат накашидаем, — эътироф намуд ӯ ва намедонист, ки дар кружоки адабӣ ҳар кадоми мо, ҳарчанд ҳанӯз кам донем ҳам, дар боби ин ё он асар мегуфтем ва агар рухсати муаллиф шавад ё хоҳиш намояд, таҳрир мекардем. Муҳиддин Аминзода бошад, то он вақт аз чунин муҳит дур будааст. Намедонам, ки ӯро ба чунин муҳит ё дигарон намехостаанд ҷалб шавад ё ӯ худро канор мекашид.
— Аз ин пеш ду шеър фиристода будам, — гуфтам ман. — Лоҳутӣ фикрашонро муфассал дар пасу пеши вай навишта фиристодаанд.
— Ғалатӣ! — Аминзода як саҳифаи қайду ислоҳаш зиёдро бо диққат дида баромад. — Агар ҳамаи гуфтаҳои Лоҳутиро ба ҷо биёред, пьесаАТОН аз ҳозирааш бе ҳеҷ муболиға ду баробар беҳтар мешуд. Пьесаро як шаб ба ман медиҳед? Ман то тавонистанам шеърҳоро дида мебароям. Ин шеърҳоро ду кас навиштагӣ барин. Баъзеаш дуруст. Маълум ки аз таҳти дил навиштаед. Дигарҳояш суст, қофия ва вазн риоя нашудагӣ. Маълум, ки тезтар шавад гуфта, саросема шудаед.
Аминзода инро кашфифона кашф кард. Ман аввал матни насрии пьесаро навиштам ва баъд шеърҳоро.
Шеърҳои аввалро бо ҳавсала ва диққат навишта будам. Вале ҷавонӣ шитобкорист. Шитоб намуда, ба дӯлобкорӣ роҳ дода будам.
— Имрӯз ба омехтахӯрӣ боз меравем? — хандакунон пурсид Аминзода.
Ман инро ҳазл пиндоштам.
— Агар барои омехта мебуд, мерафтаму лекин аз барои як нахӯд як ҳавз обро пурра хӯрд, барои ду култ оби омехта ҳар рӯз он қадар арақ нӯшем, ҳоламон чӣ мешавад?
— Омехтаи сабил ба ман ҳамин қадар маъқул шуд, ки шаб ин тараф мазааш аз даҳонам намеравад. Ғараз аз тушбера гӯшт хӯрдан гуфта як бори дигар меҳмон намешавем? — хандид Аминзода. — Ин дафъа ба киса яктагӣ ҷумча андохта меравему гӯшту сабзавоташро чашмаш, ки хато шуд, лӯмба-лӯмба гирифта хӯрда гирем, чӣ мегуфта бошад?
— Ошноӣ бо хаскаш хавфнок барин,— гуфтам.—
Беҳтараш агар диламон ба омехта гум занад, аз гадоҳои дигар онро мехарем. Одамҳо хурмачаву кӯза бардошта

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо