Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ тааммул карда монд. «Наход кай омаданашро фаромӯш карда бошад?»— мегуфтам дар дил.

— Хеле шуд. Чӣ буд?— пурсид ӯ баъди фурсате.

— Хеле шудааст омадеду то ҳамин вақт ягон бор ба редакция намеоед. Ҳеҷ кас нагуфт, ки ман шуморо кофта ба техникум рафта будам?

— Не,— ҷавоб дод Аминзода ва боз баъди хеле хомӯшӣ пурсид.— Чӣ буд?

— Мо дар назди газета кружоки адабӣ дорем. Мехостам, ки шумо дар ягон мавзӯъ лекция хонед.

— Ман аз редакция барои ҳамин мегурезам, ки ба лекцияҳои фаҳӯл,— хандид Аминзода.— Ҳамин рӯз дидед, чор даҳон гапро гуфта натавонистаму аз куҷо сар карда, ба куҷо оварда тамом кардам, дар ёдам намонд.

— Сухани аз ҳама бомаънию даркориро шумо гуфтед.

— Баъди ходими хоҷагии қишлоқ-мӣ?— боз паст-паст хандид ӯ.— Барои лекцияҳои нею иштирок кардану шунидани дигарон меравам. Пагоҳ соатҳои се ба наздатон меоям.

Ман соатҳои серо аз се то чор фаҳмида будам. Лекин Аминзода аз рӯи одат барои ба болодарӣ назадани сар ё пешонӣ хам шуда ба кабинет даромад. Вохӯрӣ намуда, соати калони вазнини кисагиашро берун овард. Ман ҳам беихтиёр чашм ба соат дӯхтам. Се дақиқа кам се буд. Ман шоирро то охири умраш ҳамин тавр вазифашинос ва боинтизом медонистам.

Боре дар Душанбе ӯ аз ман пурсид, ки пагоҳ кай ба Ленинобод меравӣ. Гуфтам соати ҳафти пагоҳӣ ба вокзал мебароям. Ӯ барои гуселониданам рост ба он ҷо омадааст, ки ман нестам. Хобаш бурда мондагист гӯён, аз вокзал пиёда ба меҳмонхонаи «Душанбе» бо шитоб меомад, ки ман ӯро дар дами дари он дидам.

— Нависанда дида ин хел холабегамашро Надида-ам,— гуфт ӯ нимҳазлу нимҷиддӣ.— Одами баъди ҳаждаҳ дақиқа ба вагон савор мешудагӣ ҳамин хел дилвасеъ ва бепарво мегаштааст-мӣ? Тезтар қадам мон!

Аминзода ҳамон рӯз пьесаи маро варақ зада баромад. Ман варианти аввали онро бо қайд ва тасҳеҳоти Лоҳутӣ нишон додам. Тамоман ҳайрон шуд.

— Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки Лоҳутӣ асари як нависандаро ба ин дараҷа бо диққат мехонаду ҷигар-хун шуда, ҳамаи инро нишон медиҳад. Ҳуш аз сари

пешина
аз 447
навбатӣ