Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
оварда, ба як тараф монанду ба дигар тараф ҳамин омехта. Гӯянд, ки кадомашро мехӯрӣ, махсумҷон, даррав мегӯям ана ҳаминро, — хаскаш боз даст ба гулӯи кӯза бурд. — Қоса аз они шумо, боқимондаи кӯза аз они ман. — Вай кӯзаро ба сар бардошту хеле қулт-қулт фурӯ бурд. Дум-дум ба девораи он зад, ки донаҳои андармоншуда ҳам фарояд ва бо ҳамин аз кӯза хотирҷам шуда косаро ба тарафи Аминзода лағжонда монд.
Ману Аминзода боз як пиёлагӣ нӯшидем. Лекин баъди як-ду хӯрт кашидани ҳар кадоми мо хаскаш боз косаро ба даст мегирифт. Ангушт ба даруни вай халида буду борашро ба даҳон ҳавола мекард. Ба ҳамин тариқ сад афсӯс, ки аз чунин таоми дар ҳақиқат хуштаъми аввалину вопасин хӯрда худ сер нашуда мондам. Мо аз омехта сер нашудему хаскаш аз арақ, ӯ сархушона аз Хайём чанд рӯбоии ёд кардаашро, ки аз маю майхорӣ сухан мегуфт, хонд. Ба тавсифи май даромада рафту суханро ба сари он оварданӣ мешуд, ки дилаш боз мечӯяд.
Умратон бодо мудом, эй соқиёни базми ҷам,
Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо.
гуфтааст Ҳофиз. Ҷоми маи мо ҳам, махсумҷон, имрӯз пур набуд. Чӣ кунам, уко? — Дасткӯтоҳӣ-дия. Набошад боз яктои ин ҷонварро оварда, ба пешатон мемондам.
Ман аз ин рамзу рамузҳо ба ҷон омада пули ду шиша арақро бароварда, ба лаби рӯмол мондаму қат карда болояшро пӯшидам.
— Кори айбро накунед, устозода. Гап ин ту нашудааст, — нӯл пок мекард хаскаш.
— Ману махсумҷон, худо хоҳад боз фардо меҳмони шумо мешавем, гирифта монед, — гуфтам.
— Гиред, гоҳ аз пиру гоҳ аз мурид гуфтаанд. Пули ин кас табаррукӣ. Ба нӯғи қалам ёфт мешудагӣ, — гуфт Аминзода.
— Хайр, ин тавр бошад, мегирам. Лекин албатта биёед. Набошад, хафа мешавам, — гуфт хаскаш ва моро то меҳмонхонаи шаҳр ҳамроҳӣ карда, боз як дунё гап фурӯхта рафт. Ману Аминзода чанд қадам хомӯш рафтем. Мехостам, ки ӯ аз пьеса сухан сар кунад. Лекин вай даҳон намекушод. Ман ӯро ба ҳолаш нагузоштам.
— Чанд вақт шуд, ки аз Самарқанд омадед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо