Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаммадамин домулло, агар мурда бошанд, Худо ҷояшонро илоҳӣ ҷаннат карда бошад, ҷудо одами сахтгир буданд. Бадфеъл гӯед ҳам, мешавад. Шогирд то дарсашро ёд накунаду нафаҳмад, ҷавоб намедоданд. Мани аҳмак, худам ҳар ҷо, дилам дар ёди лаклак, ҳушу ёдам ба бодбараку лаклак, бедонаю хурузбозӣ банд. Мадрасаи падаратопро, махсумҷон медонед-мӣ? Дар пушти каппони Чоршанбе буд. Хайр, ош шавад, махсумҷон, бардореду косаро гирифта, як хӯп кашида диҳед. Тез бошед, акнун устозодаро маътал накунед. Ҳа, бале, махсумҷон. Ман гуфтанӣ ки умри падаратон барӣ одамҳо, ҳамин мударрис, имому мактабдор, ҳезуми тар барин мегузашт. Чӣ гуфтед, махсумҷон? Ҳамонҳо ҳам улфатбозӣ, ману шумо барин ҳамин хел шишта натарсидаю наларзида араку вино мехӯрданд-мӣ гӯед-а! Ба гумонам не. Намозро ин хел хон, рӯзаро он хел дор, никоҳ ин хел мешавад, талоқ он хел мешавад гуфта, хазон шуда рафтанд. Хазон! Ба Худо ҳазор бор шукр мекунам, ки мулло ё имом нашудам. Ҳамон ҳам касб шуд-мӣ? Шумо, устозода, ман қатӣ аввал улфатӣ мекунед. Барои ҳамин дастамро нагардонед, ки хафа мешавам. Тез бошеду гиред. Ҳалқи худам таққос зада истодааст. Ман дадои шумо, усто Абдуҷалилро мешиносам. Аз ҳамон мударрисию имомӣ, рости гапро пурсед, фақат кафшдӯзӣ не, истириқчигию поякӣ будан беҳтар, чӣ гуфтед? Махсумҷон, аз гапи ман мабодо хафа шавед. Аммо падари шумо, махсумҷон, одами яклухт буданд. Хайр, устозода, бардоред. Ҳа, раҳмат, канӣ, акнун як хӯп кашед. Лекин як ҷумча ҳам даркор будааст. Обаш мераваду гӯшт, сабзию шалгам дар коса мемонад. Омехта аҷаб хӯрокдия! Ман ба ҳамин одат карда мондаам. Дигар ҳама чиз ба даҳонам бемазза мерасид, аммо ҷумча нест.

Хаскаш боз ба худ арақ рехт. Ин дафъа мисли обхӯрии гов аз байни дандон аракро шив-шив гузаронд. Аминзода боз рӯяшро ба дигар тараф тофт.

— Хайр, бечумча ҳам мешавад. Ана ин тавр меку-нем, — хаскаш лаби косаро ба лабаш монда, пораҳои гӯшту сабзавотро бо ангушт ба даҳон ғелондан гирифт. Косаро тамоман холӣ карда, аз кӯза боз рехт ва ба дас-ти Аминзода дод. — Махсумҷон, инро хӯрда гиред. Ин хел авқотро дигар аз куҷо меёбед? Сихкабоби ҷаззо-сӣ, мантуи ҷилдаш тупуки гарм, палави сергӯшту равган

пешина
аз 447
навбатӣ