Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Ба ҷонам. Илоҳӣ орзуи фарзандонатонро бинед, — дуо гуфт бемор.

Мо хайру хуш намуда баромадем. Дар пеши Асрор шӯхию ҳазлро бемаврид дониста, баъди доруҳоро ёфта додан ба духтур гуфтам:

— Духтур, шумо аз илми кимиё бохабар-мӣ?

— Рӯйрост ту фолбинӣ ё ҷодугар, гуфтан гиред, — қоҳ-қоҳ хандид ва чашмонашро пок кард ӯ. — Гапро ба шӯхӣ набаред. Гоҳо аз тарс тобхӯрии сурхрӯда, тангшавии роҳи нафас ҳам ба амал меояд, ки номи лотинии беморӣ, боварӣ дорам, ки ба шумо даркор нест.

— Наход якуним моҳи тамом дар беморхона беморро нодуруст муолиҷа карда бошанд?

— Накуштаанд, балле гӯед. Он духтурҷаи ҳамадони ҳеҷмадонро ман хуб медонам.

— Шумо ҳамин тавр будани ӯро медонеду чизе намегӯед?

— Як-ду бор гуфтаӣ шудаму рӯи худамро хунук кардам. Ба миёна даромаданд. Поси хотиру балои бадтарҳоро шафеъ ва санад оварданд.

Поси хотирдории мардум маро дилгир кард,
Эй қиёмат зуд о, ки ин қадар таъхир шуд!

— Ҳоло аз ин мебарояд, ки шумо қиёматро поида шиштаед?

— Бале, ба қиёмате ки ҳамин духтурҷаҳоро як аз гудоз гузаронад. Дониши онҳоро санҷад ва кафши онҳоро, ки номи поки табиби советиро меолоянд, ба берун туғрӣ карда монаду гӯяд, ки кори дигарро кунед. Шояд аз шумо фоидае ба ҷамъият бирасад.

— Ана ҳамин тавр, Муҳаммад Хоҷаевич, ман аз ҷанголи марг раҳо шудани гиребони як беморро бо чашми худ дидам, — гуфтам.

— Истед, ки кампир ҳоло ҳам зиндаанд?

— Зиндаю саломат. Баъди ду ҳафта боз рафтам, ки аз ҳолаш хабар гирам, дар рӯи ҳавлӣ ба деги ҷомашӯӣ олав карда менишаст.

XIII

Дар чор сӯи шаҳри Хуҷанд чор маҳал номи дарахтонро дошт. Дар шимол маҳаллаи номи Тахти Шохтут, дар ҷануб — Тахти Тутикалон, дар ғарб — Масҷиди

пешина
аз 447
навбатӣ