Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Темур Мирзоев, шояд, барои шиносондан бо ҳозирон бошад, «рафиқ Аминзода, ба ин ҷо омада дар байни мардум сухан мекардед, беҳтар мешуд» — гӯён аз ҷой бархост. — Фаҳмидани фикру андешаҳои шоир барои мо албатта зарур аст. Аз ин тараф, рафиқ Аминзода, марҳамат кунед».
Аминзода як нафас дудила шуда дар ҷояш истоду дид, ки ҳама ба вай нигоҳ мекунанд, ба пеш омад. Ӯ нафасе гӯё даступо мехӯрд. Вале зуд худро ба даст гирифт. Аввал маро самими муборакбод кард. Баъд коллективи театрро таъриф намуд, ки дирӯзакак ташкил шуда бошад ҳам ба ин дараҷа соҳибистеъдод аст. Баъд, ин тавр гуфт:
— Ман драматург не, пьеса нанавиштам. Агарчанде ки навиштанро орзу дорам. Аммо чӣ тавре ки дигарон ҳам гуфтанд, пьеса хеле хуб ва дар шароити ин театр нағз ҳам ба саҳна гузошта шудааст. Инро драматург набошӣ ҳам, фаҳмидану донистан мумкин аст. Мебахшед, ман ҳамчун соҳибқалам дар хусуси шеърҳои «Саодат» мехоҳам сухан гӯям. Баъзеи онҳо суст. Дар вазн, қофия камбудиҳо доранд. Ба болокории ин, мусиқӣ, яъне мақоми барои сурудҳо интихобшуда он қадар мувофиқи мазмун не.
Аминзода аз қайдҳои худ далелу исботҳо меоварду калимаву сатрҳои ба зерашон хат кашидаи устод Лоҳутӣ қатор шуда аз пеши назари ман мегузаштанд. Ман баъзеи онҳоро тасҳеҳ карда натавонистам, ки дар ҳолати аввала монда буд.
Аминзода одаме буд, мадрасадида, тарбияи падари мударрисро гирифта ва каси бомулоҳиза. Ин андеша ва мулоҳизаи ӯ дар гуфтораш аз пьеса ҳам ҳис карда мешуд. Ӯ фикри худро як навъ баён кунад ҳам, зуд маъзаратхоҳӣ ва ба дурустии андешааш иштибоҳ мекард. Вале ман ӯро хуб фаҳмидам. Дар сухани худ баромади ӯро алоҳида қайду таъкид кардам ва баъди маҷлис хоҳиш намудам, ки сабр кунад, ҳар ду гап-гап карда равем, розӣ шуд.
— Чӣ мешуд, рафиқ Аминзода, баъзе шеърҳои пье-саро бо шумо дида бароем? — дар кабинети директор ба назди ӯ савол гузоштам, — Якта некӣ кунед. Шумо шо-ир ҳастеду ман шоирча. Аз назари шумо як гузаранд, бисьёр хуб мешуд.
— Рафиқ Аминзода асло не намегӯяд, — Темур Мирзоев

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо