Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мехост ӯро зудтар розӣ кунад. — Ин ҳам савоб мешуду ҳам хурмо.
— Савоб ба театру хурмо ба ман, — шӯхӣ кардам, ки ногувории хомӯшии Аминзода аз миён равад.
— Як қадари ин хурморо ба рафиқ Аминзода ҳам додан мумкин аст, — гуфт директори нав Саттор Маҳмудов бо ҳамин барои тасҳеҳот гӯё ба Аминзода ҳаққашро ваъда намуд. Хол он ки барои «Саодат» театр ба ман пуле надода буд.
— Не, бехурмо ҳам ёрӣ мерасонам, — гуфт ниҳоят шоир ва ман бағоят шод шудам.
Бо дигарон хайру хуш намуда, ба кӯча баромадем.
Соат тақрибан ёздаҳи шаб буд. Моҳи шаби чордаҳ аз қафои гунбази мақбараи шоир Муслиҳиддин монандӣ лаълии бузурги мисинаи дурахшон ва овезон намудор мегашт. Тобистон бошад ҳам, шаб он қадар гарм набуд.
Насиме мевазид. Ба растаи тунукасозон баромадем.
Дар он ҷо моро ногоҳ як хаскашони ҳаммоми Панҷшанбе, ки Тӯраи хаскаш меномиданд, диду тохта ба наздамон омад. Дасти Аминзодаро гирифту сар надод.
— Махсумҷон (мударрисзодагонро махсум меномиданд), аз номатон гардам. Шамол шуморо аз кадом тараф парронда омад? Насиб бӯлса келар Шому Ирокдин, насиб бӯлмаса кетар қошу қавокдин, гуфтаанд. Улфати ман ба саҳро рафта буду даракаш не. Аммо, Махсумҷон, ана худо шуморо расонд. Як кӯзаи омехта яхнӣ шуда истодааст, — ӯ овозашро пасттар кард. — Як шиша сафедашро ҳам ба чӯз, ба об партофта мондаам. Ҳар сеякамон мешинему нӯши ҷон мекунем. Не нагӯед, Махсумҷон. Не гӯед, маро як умр хафа мекунед.
Аминзода ба ман нигоҳ кард. Ман гуфтам, ки шумо равед, ман дар идора андак кор дорам. Аммо хаскаш аз банди дасти ман ҳам гирифт.
— Ҳой устозода, ман дадотонро медонам. О, дадотон усто Абдулҷалили кафшдӯз не-мӣ? Гап ин ту нашудааст, уко, рафтем.
Ҳарчанд дукаса радду тақал кардем, мурод ҳосил нашуд. Рости гапро пурсед, ман орзуи хӯрдани омехтаро дер боз дар дил доштам. Одамон таъми вайро чунон таъриф мекарданд, ки оби даҳони кас мешорид. Гадоёни шаҳр рӯзи дароз гадоӣ мекарданд. Домани халқ васеъ мегӯянд. Ба косаю тӯрбаи гадой чиҳо намефуромад! Аз қассос як бурда гӯшти шалҷа ва як порча равғани дунба,

пешина
аз 447
навбатӣ