Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ҳисоб кунад. «Баҳлулзода беҳуда ҳам ба ӯ рӯбоҳ ном надодааст» гуфтам дар дилам. Чапакзаниҳо хомӯш шуданд. Артистон ба зал фуромаданд, муҳокима сар шуд.
Аз ҳама пеш Мирзоев, баъд ду-се муаллим ва як ходими идораи хоҷагии қишлоқ сухан гуфтанд. Гуфтаҳои ӯ дар хотирам ҳаст.
— Тамошоятон, рости гапро гӯям, бад не,— гуфт ӯ тӯппии нави чустро аз сар гирифта, қарсе ба каф зада афшонда.— Аммо як камбудии калонаш ҳаст. Гапи колхоз ҳасту худаш нест. Тракторро ба саҳна баровардан қийин будагист. Хайр, ақаллан овозашро баровардан мумкин охир. Ҳамин тавр не, рафиқон? Ҳамин тавр. Сонӣ ҳамин зани бой ҷудо гӯшпачашми посеризадагӣ баромадааст. Аслаш ин хел намешавад. Худи ман қарорӣ будам. Зани хӯҷайини ман ин хел набуд. Афсӯс, ки пьесаатон тайёр нашудан пеш, бохабар нашудаам. Набошад, ман феълу хӯи зани бойро ба шумо гуфта медодам. Ҳоли ҳам саривақт. Рафиқ Раҳим Ҷалил, вақт ёбед, ба пеши ман, ба шӯъбаи хоҷагии қишлоқ биёед. Ҳамон хел кору борҳои бойҳою зану бачаашонро гуфта медиҳам, ки шумо, уко, надидаед ва нашунидаед. Гапи ман тамом. Ҳамин камбудиҳоро бартараф кунед, ба тамошобин нишон додан мумкин. Чӣ гуфтед, рафиқон?
Ҳеҷ кас чуруққӣ накард. Баъди ӯ фурсате ҳозирон сари худро хам намуда бо писханд ба ҳам бо гӯшаи чашм нигоҳ мекарданд. Чашмакӣ мезаданд. Рустам Эркабоев барои аз миён рафтани хомӯшию ҳиҷолат «ин камбудиҳоро ба назар мегирем ва бартараф мекунем»— гуфт. Вале сухани ӯро баъзеҳо масхара фаҳмиданд мазмун, ки оҳиста механдиданд.
Ҳиҷолатро аз миён Муҳиддин Аминзода бардошт, ки кай омадан ва дар куҷо нишастани ӯро надида будам. Ӯ хоҳиш намуда сухан гирифт. Ман ӯро бори якум ҳамон рӯз аз наздиктар дидам. Ӯ қомати баланд, китфҳои қоқи андак хамида, рӯи дароз, чашмони ба сиёҳ моил, мӯи сари мисли мӯи африқоӣ чингила ва наматвор ба ҳам печидаю нопаногузар дошт. Шими почаҳояш васеи сафед, куртаи гиребонаш шерозадори украинӣ пӯшида дар миён ба ҷон тасма таноби ҳардуи нӯгаш пӯпакдори ҷигарранг баста буд. Ӯ ҳамон вақт низ ҳамчун дар тамоми, шояд, умраш бошад, логарандом буд. Дар даст як порча қоғаз ва дар байни панҷа қалами кӯтоҳе дошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо