Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

онҳо гузаштани он қадар воқеаро заррае бошад ҳам касе пай намебурд.

Ба сари «Саодат» меоем. Театр ҳанӯз режиссёри боихтисос надошт. Рустам Эркабоев, ки чанде пеш ба театр омада бошад ҳам, қобилияти худро зуд нишон медод, аз ман хоҳиш кард, ки ин пьесаро ба саҳна гузорад. Ролҳоро дар ҳозирии ман тақсим намуданд. Роли бойро Мухтор Самандаров, роли зани онро Энахон Баҳромоваи конибодомӣ — духтари хушрӯй ва хушовоз; роли қарориро Ҳоҷимурод Солеҳзода ва роли хизматгордухтари бойро духтараки нав ба театр омадаи сомғорӣ Хайринисо Усмонова гирифт. Эркабоев бошад, роли раиси Совети ҷамоа Полвонро гирифт, ки вай дар пьеса персонажи манфӣ буд. Артистон бо ҳаваси калон ба образи худ медаромаданд. Ман қариб ҳар рӯз ба театр меомадам. Дар бобати дуруст талаффуз намудани калимаҳо ба ҳунарпешагони ҷавон мадад мекардам. Дар вақти репетиция баъзе суханҳоро мепартофтем ва суханҳои дигар ҳамроҳ менамудем. Зеро артистон баъзе калимаҳоро ҳаргиз дуруст талаффуз карда наметавонистанд.

Ба ҳар ҳол, коллектив пьесаро ба тарзе тайёр кард, ки асло ба он тавр шуданаш чашмдор набудам. Ниҳоят рӯзи аввали ба саҳнагузории он расид. Муаллимон, ходимони идораю ташкилотҳои бисёре омада буданд, ки сухан байни худамон мемонад, дар ваҳм афтодам. Аз ҳама тарси ман аз Миров «Рӯбоҳи Хӯҷанд» зиёд буд, ки ҳанӯз ҳам ӯ дар идораи муҳимме вазифаи масъулро иҷро мекард. Вале хайрият тарсу ваҳми ман барабас баромад. Ҳама бо диққат тамошо мекарданд. Вақти танаффӯс ман қасдан ба назди рафиқон нарафтаму аз таассуроти онҳо напурсидам. Ҳангоме ки пьеса ба охир расиду пардаро аз нав кушоданд, ҳама баробар чапак заданд. Кадоме номи маро гирифта ба саҳна даъват намуд. Лекин ман нарафтам. Аз хурсандии чӣ мегӯед, ки гирьяям меомад. Касе аз бағалам гирифта, бархезонд. Нигоҳ карда Темур Мирзоевро дидам.

— Хезет, бароед. Ҳама чеғ зада истодаанд. Вагарна айб мешавад,— мегуфт ӯ.

Аҷаб! Боло баромада, ба тамошогоҳ назар андохтаму аз ҳама пеш Мировро дидам. Ӯ дастонашро баланд бардошта, чунон чапакзанӣ мекард, ки бинандаи
бехабар ӯро рафиқ ва дӯсти наздики ман метавонист

пешина
аз 447
навбатӣ