Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

лаблабуро дида мегӯед, ки ҳар кадомаш даҳ қадоқ меояд. Бар мекашед, ки аз ду-се қадоқ зиёд не. Дарунаш холӣ, — Умаров хомӯш шуд.

Ман ба суханҳои директор гӯш медодаму лекин гуфтору рафтори Дӯстмуҳаммадов ва шикояти кассир аз сарам дур нашуда, худ ба худ механдидам, ки мусоҳиб аз ин огоҳ шуд.

— Артистҳо, мардуми аҷоиб мешудаанд. Корҳое мекунанд, ки ба бел монед, қабул намекунад, — директор хандид.— Қодири ӯротеппагӣ, масхарабозамонро медонед-а? Ӯ дар «Турандот»-и мо роли вазир Брегиллеро бозӣ мекунад. Дар театрҳои дигар чӣ тавр, намедонам.
Режиссёр ва артистҳо мегӯянд, ки дар ин пьеса ҳар кас ба воқеаю мазмуни сухан мувофиқ карда, аз худаш гап ҳамроҳ намудан мегирад. Гӯё Ятим Бобоҷонови ӯзбекон дар Самарқанд роли ҳамин вазирро бозӣ мекардаасту дар қатори якуми тамошогоҳ Баҳлулзодаи худамонро дида мемонад ва дуқона мегӯяд: «Ба-ба-ба-бародар, ба-ба-ба Баҳлулзода, бо-бо-боятонро диед ё не?»
Баҳлулзода ҳам ҳозирҷавобӣ карда: «Ди-ди-дидам, ҳоҳо-ҳозир о-о-очакалони ш-ш шуморо гирифта ба пушти девор гузашт, Боҳ-боҳ-боҳ ҷонов» мегӯяд. Қариб будааст, ки тамошо вайрон шавад. Дигар ба ҳеҷ гапи артистҳо мардум гӯш надода механдиданд. Дирӯз Қодири мо дар вақти ба саҳна баромадан, ба Шоҳзода, яъне Ҳоҷимурод Солеҳзода гуфтааст, ки ҳушёр бош, имрӯз туро механдонам. Вай хандонда паставу боло гуфтааст.
Вақте ки шоҳзода дар гаҳвора хобида, сафедтелпаки ҷуворимаккаи ба ресмон овезону ба чӯби гаҳвора ҳамсояро хӯрда хобидааст, ба ҷои омада пурсидани ҳоли шоҳзода, «шоҳзодаи аблаҳ, мӯнчоқҳоро хӯрда истодай, фардоро хаёл мекунӣ ё не?» — мегӯяд. Шоҳзода намехандад. Қодирӣ оҳиста қафояшро ба гаҳвора наздик овардааст. Як маҳале ба пушти саҳна равам, ҳар ду даст ба гиребон занозанӣ карда истодаанд. Ба миён даромада, базӯр онҳоро аз якдигарашон ҷудо кардемӯ ман ҳайрон будам, ки нардан оянда чӣ мешавад. Лекин онҳо баромада бозидан гирифтанд, гӯё ягон воқеа рӯй надода бошад. Ин мардумро, ки мегӯед, ҳамин хел одам.

Дар ҳақиқат дар пардаҳои оянда, ҳам Юсуф Раҳмат
ва ҳам Зоҳир Дӯстмуҳаммадов, ки дар ин пьеса ду
ролро иҷро менамуд, чӯпон мебозиданд, ки аз кайфияти

пешина
аз 447
навбатӣ