Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба гӯшаш гуфтам: Ҳой Зоҳир, гӯшамро тоб додан гирӣ, қасам ба арвоҳи падарам, як кӯрмушт мезанам, ки парида рафта, ба пеши тамошобин мӯафтию худат бале мегӯй. «Якта зану рӯзатро бин — мегӯяд. Ман ҳам полвонкачали ту гуфтагӣ не. Дӯғатро мону гӯ, ки аванс медиҳӣ ё не?»

— Ваъда додӣ ё не? Биллоҳи азим гӯй,— табассумкунон пурсид Дӯстмуҳаммадов.

— Хайр, ваъда додам.

— Мард бошӣ, ба ваъдаат вафо кун.

— Э, бар падари ваъдаю вафоят лаънат! — Юсуф Раҳмат гӯшҳои мисли шалғам сурхшудаашро мемолид, ки занг баланд шуд. Артистонро ба саҳна даъват мекарданд. Хазиначии бепул мехост тохта равад, Дӯстмуҳаммадов маҳкам аз домани вай гирифт.

— Пулро кай ёфта медиҳӣ?

— Ҳой, одам, ба ман нигар, саҳна кушода шуд,— ба тавалло даромад Юсуф Раҳмат.

— Сар деҳ Зоҳирҷон, сар деҳ,— хоҳиш намуд директор.— Худам пул медиҳам.

— Ин гапи дигар,— табассум дар гирди лабони Дӯстмуҳаммадов печид.— Охир ду моҳ боз пул нагирифтаем. Ду моҳ боз. Дадом ба масҷид кор мекунӣ ё ба театр мегӯяд. Ба гӯристон гуфтам. Ҳар кадоме лаблабуи ин ҷоро дибед? — аз ман пурсид артист.— Аз хуми Намангон хурд нею дарунаш холӣ. Кирмҳои гӯр мазза карда хӯрда истодаанд. Кошкӣ тезтар Юсуф Раҳмат мемурду дар ҳамин ҷо гӯр карда лаблабуро аз офати кирми гӯр халос мекардем. Хайр, рафиқ Умаров, авансро ҳозир медиҳед ё...

— Аз тамошо намонем,— директор аз остини ман кашид.— Баъди спектакль ба наздам даро, медиҳам,— гуфт ӯ.— Дар ҳақиқат ба артистҳо мушкил. Ду моҳ шуд, ки счёти мо баста, плани молия иҷро нашавад, гапи дигар буд. Планҳоямон иҷро. Ба костюми «Турандот» андак харҷи зиёд кардему ба бало мондем. Банк аламашро мегирад. Ба гирди театр ҳашар карда, лаблабу кошта будем, ки фурӯхта ба бачаҳо диҳем. Атрофи мо гӯристон набуд-мӣ? Замин ҷудо бақувват будааст. Ҳар лаблабу, ба қавли Дӯстмуҳаммадов хуми Намангон барин шуду афсӯс, ки бехабар мондем, кирми гӯристон, кирм ҳам не, як навъ кунғузчаяи сафедтоб чунон ба лаблабу часпид, ки ҳайрон мешавад. Калонии

пешина
аз 447
навбатӣ