Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
бозида шудани ролҳо тамошобин мамнун шуда, чанд бор чапак зад. Мардум механдиданду кайф мекарданд.
Дар танаффус ман ба гримхона рафтам, ки артисонро бо ин бозии аҷоибашон офарин гӯям. Чӣ медидам? Юсуф Раҳмат ҳар чӣ ба даҳонаш меомад, дар ҳаққи Дӯстмуҳаммадов мегуфт. Вай бошад, ҳингир-ҳингир механдид.
— Қасам, ки хӯрдӣ, медиҳӣ.
— Эй, бар падарат лаънат!
— Номаъқул кардӣ. Медиҳию халос.
— Набошад, аз куҷо ёфта диҳам, ҳаромӣ? Гӯшҳоямро кандӣ.
— Агар ҳамин гапатро дар саҳна мегуфтӣ, канда ба дастат медодам.
— Ман очаи зори туро нишон медиҳам. Дар ҳамин театр ё ту меистӣ ё ман.
— Ту меистӣ, ё ман, намедонам. Аванси ваъдаро медиҳӣ. Набошад, қасам зада, ба балои бад гирифтор мешавӣ.
Директор омада ба миён даромад:
— Худи гап чӣ?
— Ин ҳаромӣ пеш аз сар шудани тамошо аванс пурсид. Дар касса ягон тин нест. Худамро пул карда наметавонам, ки...
— Қасам ба арвоҳи хари Меҳтарбоди ялдои Самарқандӣ, ки фаразан бо қудрати Худо як чувол пулдор шавӣ ҳам, ба ту нигоҳ намекунам,— Юсуф Раҳматро ба давомдиҳии шикоят нагузошт Дӯстмуҳаммадов.— Ба ман ту аз кассаи театр, аз ҳисоби моҳонаам, ки ду моҳ ин тараф нагирифтаам, аванс деҳ. Аванс, фаҳмидӣ?
— Ту гапнофаҳм, фаҳм! — Овозашро баланд намуд хазинадори театр.— Дар касса ягон тин ҳам нест мегӯям. Ин лаънатӣ бошад, дар пеши чашми тамошобин афшондан баҳонаю чунон сахт-сахт мезад, ки гумон кардам тахтапуштам ба дарун фурӯ рафт. Аз гӯшҳоям маҳкам гирифта, тоб дода мегӯяд, ки «аванс медиҳӣ ё не». Ҳой мусулмон, мегӯям дар байни суханҳо оҳиста, пул нест, мефаҳмӣ, дар кисаам ҳамон пули Николай ҳаст, ки ба ту бояд диҳам. «Аз ягон каси дигар ёфта деҳ» — мегӯяд. Розӣ шудаму боз мегӯяд, ки қасам хӯр. Қасам хӯр, қасам хӯр, ки аз ваъдаат намегардӣ! Ман нахӯрдамам. Хезаду аз дигарҳо пул ёфт нашавад, чӣ мекунам? Аммо ин ҳаромӣ гӯшамро сар намедиҳад. Ба ҷонам расида оҳиста

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо