Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
биёям. Он шаб дар он тамошо тамошои дигареро дидам, ки дар ёдам мондааст.
Дар «Ҳалима» роли бойро ҷонишини директор ва кассири театр Юсуф Раҳмат ва роли саркардаи қаландаронро марҳум Зоҳир Дӯстмуҳаммадов, ки дар кинофилми «Марги судхӯр» роли Қориишкамбаро иҷро кардааст, бозӣ мекард. Аз пеши парда бой даргузар шуд. Аз байни тамошобинон сардори қаландарон, ки бо чор нафар қаланди жандаю кулоҳпӯшида, ба гардан качкӯл овехта буданд, ба саҳна баромада, ногоҳ ба бой рӯ ба рӯ омад. Сардори қаландарон гӯё аз таҳти по ҳамъёни тиллоро ёфт. Гул-гул шукуфту тозон омада, ба дуои бой даромад:
— Худоё худовандо, умри ҳамин бойбобоямро дароз, ризқашонро фаровон гардон!
— Омин! — гуфтанд қаландарон.
— Покӯ парвардигоро, бой бобоямро ба ҳама талабу нияташон расон! — бонг бардошт сардори қаландарон чашмони сиёҳи калони худро калонтар кушода. — Бой-бобои азизу меҳрубон, иҷозат диҳед, ки шуморо як афшонда, ҳар бор, ҳар дард, ҳар ғуборе ки дар тан доред, берун барорам, — ӯ инро гуфта ба ризои бой аҳамияте надода, бо ду даст аз китф сар карда, то миёни вай гум-гум зада фуромадаву баромада, бои монанди хӯса пӯсту устухон ва дарозро аз зарбаҳои дар ҳақиқат сахт ба печу тоб овард. Бой «бо овози баланд» хуб бас акнун, қаландар, бас!» — мегуфту бо дастҳои борик дастони хузарби қаландарро доштанӣ мешуд. Тамошобин бараъло медид, ки бой ба қаландар бо овози паст, ба тамошобин нашунавонда ҳам сухан мегуфт. Вале қаландар бадани бойро «майдаю талқон» карда, ба ду гӯши вай чанг андохт. Дуокунон онҳоро чунон сахт ба замин кашид, ки бои бечора беихтиёр нишаста монд. Вале қаландар як гӯши ӯро сар дода, аз бағалаш гирифта рост намуда гузошт ва тобдиҳиро давом дод. Дар тамоми ин амалиёти «аз бадан берункунии ғубору бор» қаландарон балегӯй мекарданд, гирдогирди сардори худ ва бой самоъ рафта чарх мезаданд. Бой як сӯмии подшоҳиро бароварда дода, гӯшафро аз дасти қаландар раҳо кардани шуда, боз оҳиста ҷиҳо мегуфт қаландар ҳам дар байни дуо ҷиҳо ба гӯши бой мегуфт, ки ҳеҷ кас дар поён намешунид. Аммо аз чунин бо ваҷду самимият

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо