Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Лекин ҳамон рӯз, ҳамон ҳафта ва ҳамон моҳ Аминзода наомад. Ӯро ҷуста, ба техникум рафта наёфтам. Хонаашро намедонистам. Боз ним моҳи дигар ба тасҳеҳу таҳрири пьеса машғул шудам. Онро ба кружоки адабӣ хонда додам. Аҷибаш дар ин ҷост, ки таъриф ҳам намекарданду танқид ҳам. «Асари аввалин. Беҷо не. Агар артистон нағз бозӣ кунанд, хуб мебарояд»—гуфт Юнус Хусайн, Файзулло Абдуллозода, Тоҷӣ Усмон, ва дигарон бошанд «акнун ба артистҳо ҳам хонда диҳед, онҳо аз мо дида хубтар медонанд». Чунин суханҳо мегуфтанд, ки амал кунед ҳам мешаваду накунед ҳам.
Як ҳафтаи дигар нишаста аз пьеса ду нусха рӯбардор намудам. Дар вақти нусхабардорӣ боз ислоҳ кардаму яктоашро ба Лоҳутӣ, дигарашро ба Ҳаким Карим фиристодам. Ба фиристодан фиристодаму пушаймон шудам. Ба худ эътимод надоштам. Лекин тир аз камон ҷаста буд. Лоҳутӣ пеш аз он ду шеъри маро дида, норасоиҳои шеърият ва мазмуни онро дар гирдаш навишта, фиристода буд. Ғамхории ӯро дар ҳаққи адабиёт ман медонистам. Аз Ҳаким на хат буду на хабар. Вале баъди ягон бист рӯз Лоҳутӣ бисёр саҳифан пьесаро хеле курок карда фиристод. Афсӯс, ки он нусха ва нусхаҳои дигари пьеса намондааст. Вагарна он яке аз намунаҳои таълими устод ба шогирд мебуд. Дар пьеса ибораю ифодаҳои маҳаллӣ ҳанӯз ҳамон вақт дар асарҳои ман бисёр буданд, ки устод онҳоро намедонист. Масалан, дар пьеса дар ёдам мондааст, ки дар болои калимаҳои лахҷа алашак-шак, чигда, қарорӣ, шақилдок, мӯнҷок ӯ аломати савол монда буд. Ӯ навишта буд, ки аз техникаи драманависӣ бехабар аст. Бинобар ин, дар ин боб чизе намегӯяд. Вале дар бобати забон пьеса норасоиҳо дорад ва қисме аз онро ишора менамояд, ки аз рӯи ҳамон дар таҳрир амал кунам. Ӯ маро табрик менамуд. Ба ин кор завқманд мекард. Маслиҳат ва пандҳо дода буд. Аз Ҳаким ҳоло ҳам ҷавоб набуд. Сони фаҳмидам, ки ӯ ба санатория барои истироҳат рафтааст.
Аз рӯи маслиҳати Лоҳутӣ пьесаро боз таҳрир намуда, ба театр бурдам. Ҳоҷихон Умаров ва артистон чунон хурсанд шуданд ва маро чунон таъриф карданд, ки Шекспир ё Шиллерро, ба гумонам, дар зиндагимаш ҳамон қадар таъриф накардаанд...
Директор хоҳиш намуд, ки бегоҳӣ ба тамошои «Ҳалима»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо