Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
паи ҳам чоп мешуданд. Боре ӯро, вақте ки дар мактаби мусиқии Самарқанд таҳсил мекард, Баҳлулзода аз дур нишон дода, «ана ҳамон каловаҷӯб домулло шоир Муҳиддин Аминзода мешаванд», гуфта буд. Логарандомии шоирро Баҳлули ширинкор ба каловаҷӯб нисбат медод.
— Ба одам қатӣ намешавад,— илова намуд Баҳлул.— Ба мо улфатӣ намекунад.
— Аз улфатии ту фақат Аминзода не,— ходими газетаи «Овози тоҷик» Самад Ғанӣ хандид,— дигарон ҳам метарсанд. Зиёфати онҳоро мехӯрӣ, ошноӣ мекунӣ, аз риштаю сӯзанашон бохабар, ки шудӣ, на риояро медонию на андешаро, ягон айбашонро ёвӣ, ба газета мезанӣ. Баъди ин, кӣ девона шудааст, ки бо ту ошноӣ кунад?
— Дурӯғ мегӯӣ!— хандид Баҳлул.— Ба ту чанд сол ин тараф ошноям? Бо Комил Алиев чанд сол боз ошно? Сад зиёфати шуморо хӯрдаам. Ягон бор ягонтои шуморо ба газета задам-мӣ?
— Акнун ҳамин монда буд, ки маро ҳам занӣ,— хандид фельетончии машҳури ӯзбек Комил Алиев.
Ҳамин тавр чанд бор аз дур дидаю сифатҳояшро шунида ва ашъори дилписандашро хонда бошам ҳам, ҳанӯз бо Аминзода ҳамсӯҳбат нашуда будам.
— Аминзода аз Самарқанд кӯчида омада ба техникуми мусиқӣ муаллими танбӯр шуда даромадаанд,— хабар дод Мирзоев ҳатто ғоибона ӯро шумо-шумо гуфта.— Он касро ба кружоки адабӣ овардан даркор аст, ки фоидаашон бисёр мерасад.
Фардояш дар идора будам, ки телефон шуд. Овози Мирзоев ба гӯшам расид.
— Ман ба назди шумо меравам,— гӯён гӯшакро монда, тозон ба наздаш рафтам.
— Пьесаатонро хондам, нағз,— гуфт ӯ.— Аммо медонед чӣ? Пардаҳо кӯтоҳ. Саҳнаи театри мо чарх намезанад. То саҳнаро дигар мекунанд, вақти бисёр мегузарадӣ тамошобин дилгир мешавад. Сонӣ, декорацияи панҷ намоиш панҷ хел. Харҷи калон мехоҳад. Ман-ку, ба ҳа-мин шаклаш ҳам розӣ, лекин агар гуфтаи ман шавад, хубтар мешуд. Дина Аминзодаро боз дидам. Хабари пьеса навиштани шуморо расондам. Ваъда карданд, ки имрӯз ба идораи газета меоянд. Ба он кас албатта хонда диҳед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо