Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Яшин, «Маликаи Турандот»-и К. Гоцциро ҳар шаб ба саҳна гузоранд ҳам, тамошобин залро пур мекард.
Якуним сол зӯр зада ман пьесаи «Саодат»-ро навиштам. Қаҳрамони асосии он хизматгордухтари бой Саодат ва қарориаш Саид буд. Илҳомдеҳи пьеса Ҳаким Карим он вақт зимоми кори кружоки адабиро ба дасти ману Мирзо Турсунзода дода рафта буду чунон ки мегӯянд, ҷумла ба дасти бикалоп монд. Пьесаро навиштаму барои хонда маслиҳат додан пеш аз ҳама ба назди Темур Мирзоев мудири амороти комитети шаҳрии партия бурдам. Ин ҷавони қоматбаланд, хушсурату хушсифат чун гуфтам, ки «пьеса навишта омадам, хонда бароед, маслиҳат диҳед» чунон хурсанд шуд, ки гӯё аз хонааш муждаи писар таваллуд намудани ҳамсарашро расонда буданд.
— Якта кори нағз кардед-дия! — муборак бод памуд ӯ маро. — Ҳеҷ мумкин нест мегуфтам ҳам ба худу ҳам ба дигарон, ки аз шаҳрамон, аз шаҳри бофандаю дӯзандагони гулдаст, пахтакорони номӣ ягон драматург набарояд. Рост-дия, ба одам алам мекунад. Наход касе аз худамон аз уҳдаи ҳамин кор набарояд, мегуфтам. Албатта, тарҷума ҳам даркор. Аз дигарон ёд гирифтан лозим аст, — ҷавони покзабон ин тарафашро ҳам ба қавле аз ёд набаровард. — Аммо асари оригиналӣ барои ҳар театр, ки бошад, зарур. Ман ҳамин шаб мехонам, — ӯ пьесаро варақзанон шеърҳоро дучор омад, ки дар болояшон «ба оҳанги фалон хонда мешавад» — гуфта нишон дода будам. — Пьеса драмаи мусиқист? Ҳамин таврашро нағз мебинанд.
— Хонда бароед, ба ҳар ҷояш ҳар ислоҳ хоҳед, дароред, — гуфтам ба ӯ.
— Ман ба пьесаи шумо ислоҳ дароварда наметавонам. Ислоҳ ҳам даркор набудагист, — хоксорӣ намуд Темур Мирзоев.
— Не. Шумо хонда бароед, ба муҳокима мемонем.
— Шумо Муҳиддин Аминзодаро мешиносед? — пурсид Мирзоев. — Ман он касро дирӯз дар кӯча дида мондам. Шоири аҷоиб. Як ба он кас нишон медодед.
Ман Аминзодаро ғоибона ҳанӯз аз соли таҳсил дар мактаби Беҳбудӣ медонистам. Шеърҳои ӯ, бародараш Акмал Аминзода ҳамчун аъзори Ноил Шерзодаи Ӯротеппагӣ дар ҳар боб бисёр буданд ва дар газетаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Деҳқони камбағал»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо