Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аҷаб ки бой аллакай бохабар аст. Молу анҷоми пинҳон карда натавонистаашро дуздонданӣ аст.
— Чӣ хел медуздондааст?— пурсид раиси ҷамоа, ки рангаш меканд.
— Маслиҳатгаронаш хубтар медонанд,— ҷавоб дод муовин.
Тарҳи рӯи раиси ҷамоа зиёдтар тағйир ёфт.
— Маслиҳатгарҳои вай кӣ будаанд?— раис туфашро фурӯ доду кафтараки гулӯяш болою поён шуд.
— Фурсати аниқ кардани онҳо ҳам мерасад,— ҷавоб дод муовин.
Муовин, котиби ячейка, раиси ҷамоаро то соати дувоздаҳ аз назди худ дур накард. Бо онҳо машварат менамуду аъзоёни комиссия ва фаъолони онҷоиро ба даҳлез баромада, ба корҳои дигар машғул сохт. Ҳангоме ки соат ба яки шаб наздик мерасид, ӯ моро ба муҳосираи ҳавлии бой бурд. Бой ва «дуздони» вай, ки молу ашёи ба буғҷаҳои калон баста ба рӯи ҳавлӣ бароварда мондаро бурданӣ буданд, дастгир карда шуданд. Албатта, чунин амалиёт безанозанӣ нагузашт. Яке аз «дуздон» як нафари аъзоёни комиссияро сахт захмдор намуд. Чаккаи котиби ячейкаро зада кафонда буданд. Пагоҳи ин воқеа раиси ҷамоаро, ки хеш ва ҳомии бои оҳирини Сомғор буданаш исбот шуд, аз раисӣ дур карданд.
Ман, ки иштироккунандаи бевоситаи ин воқеа будам, ният кардам, ки дар асоси он пьесае нависам. Мавзӯъ ба Ҳаким Карим маъқул шуд.
— Мавзӯи олиҷаноб! Гуфта монам, ки агар фардогирамӣ кунию корро кашол диҳӣ, аз воқеа як ҳикояи аҷоиб месозам,— огоҳ намуд ӯ.— Ҳикояе мешавад, ки хонанда бале мегӯяд. Тез бош. Театр то кай тарҷима кунад? Ба ману ту, ки номи соҳибқаламӣ дорем, айб. Дар ҳамин ҷо бошему барои театрамон ягон чиз нанависем намешавад.
Дар ҳақиқат театри шаҳрии ба номи Лоҳутӣ, ки дар он ҳаваскорони беҳтарини санъат, монандӣ Ҳоҷимурод Солеҳзода, Тоҷинисо Султонова, Миркарим Холматов, Рустам Эркабоев, Солеҳ Холмуҳаммадов, Мухтор Самандаров, Мухтор Бобоев, Р. Арслонова ва дигарон гирд омада буданд, танҳо асарҳои тарҷимашударо ба саҳна мегузошт. «Ҳалима»-и Ғулом Зафарӣ, «Ду коммунист»-и

пешина
аз 447
навбатӣ