Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар ин театр кор кардан вақт надоштам. Ҳаким Карим маро хеле серкор карда монда буд.
— Аз театри ҳаваскорони шаҳр театри шаҳрии назди маориф ташкил мешавад. Ба директории вай Ҳоҷихон Умаровро таъин карданд. Аз Душанбе, Фарғона режиссёр ва балетмейстеру артистҳо даъват кардани ҳастанд, — хабар дод ба ман Ҳаким. — Модом, ки ғайрат карда «Озодии занон»-ро навиштӣ, фикр кун, ягон мавзӯи хуб ёбу барои ин театр акнун пьесаи калонтар навис. Асари муаллифи маҳаллиро ба саҳна гузоштани театр аҳамияти калон дорад. Ман ҳам дар ҳамин фикрам.
Дар ин вақт комсомол маро ба як комиссияи кулаккунӣ ва коллективӣ намоянда карда фиристода буд.
Вазифаи мо дар ин комиссияҳо ҳам навис-навис буд.
Қарорҳо менавиштем. Рӯйхату ҳисобот тартиб медодем. Бо муовини раиси ин комиссия, ки ба гумонам, дар шӯъбаи молия кор мекард, мо панҷ нафар ба қишлоқи Сомғор рафтем. Рафтему котиби ташкилоти партиявӣ, раиси Совети ҷамоаро ёфта, маҷлиси пӯшидаи бӯрои ячейкаи партиявиро гузаронидем. Дар дасти комиссия маълумоте буд, ки дар ин ҷо як бой бо ҳимояи кадоме аз кулаккунӣ мондааст. Ӯ хеле заминҳояро пеш аз ислоҳоти обу замин ба номи чорьякқоронаш мегузаронаду то ин дам дар хонадон ду батрак, — як ҷавони қарорӣ ва як хизматгордухтар дорад, ки «ҳар дуи шуморо хонадор мекунам» гуфта фирефта месояд. Мо ҳанӯз ба қароре наомада будем, ки дари Совети ҷамоа тиқ-тиқ шуда, як ҷавони зебосурате дохил шуд. Раиси ҷамоа «маҷлисамон ҳаст, сонитар биё» гуфту лекин вай берун нарафт.
— Ба раиси комиссия, агар мумкин бошад, гапам буд, — гуфт ӯ.
— Марҳамат, гӯед, — гуфт муовин.
— Ба худи шумо, агар мумкин бошад, гапам буд.
Муовин пешопеши ҷавон ба даҳлез баромад. Мо ҳама хомӯш менишастему мунтазир будем, ки хабари муҳимме мерасад. Вале раиси ҷамоа беқарорӣ мекард. Қиёфаи ӯ ба ҳар алвон мегашт. Безобитагии худро пинҳон карда натавонист, ду бор аз ҷой бархоста, то ба назди дар рафта омад. Муовин моро дер нигарон накард.
— Ба пӯстини кулак кайк афтидааст, — писханд зад ӯ. — Аз маҷлиси пӯшидае, ки мо дар ин ҷо мегузаронем,

пешина
аз 447
навбатӣ