Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Хуб бупти,— гуфт яке ва ҳар ду гузашта ба ҷониби шаҳр рафтанд.

Лекин бесариштагии мо аз ин зиёдтар шуд. Гумон кардам, ки ин ду аспакӣ пешгарду ҳоло рафта дигаронро ба сари мо меоваранд. Охир тарафи шаҳр-ку паст. Машинаро андак тела диҳем, наход ба роҳ даромада наравад? Аз қафо бо тамоми қувва машинаро тела додем. Вай аввал оҳиста ба роҳ даромад. Баъд хеле тез шуд, ки аз қафояш давидем. Фурсате нагузашта баъди атсаҳо ногоҳ мотор ба кор даромад ва мо савор шуда гирифтем, ки агар боздорад, ба ногоҳ кор накарда намонад.

Тақрибан соати чор буд, ки бод андак хомӯш гардид. Субҳи козиб ҳам дамида, атрофро фурсате хеле равшан кард. Лекин мо хунук хӯрда будему ҳарчанд ба ҳам ҷафс шинем ҳам, гарм намешудем ва дандон ба дандон мезадем. Ҳар чӣ бошад ҳам аз вартаҳои хатарнок сиҳат ва саломат гузаштему вақте ба сари кемаи дарёи Сир омадем, субҳи содиқ дамида буд. Бовар кунед, шаҳр аз ҷониби рости дарё ба назари ман чунон зебо ва дилрабо намуд, ки онро гӯё бори аввал медидам. То аз тарафи чап омадани кема Баҳрӣ фаромада, ба лаби дарё омаду рӯ шуст. Кокулҳои ғафс, вале кӯтоҳи мӯи силсилаашро шоназадаравон ба шикоят даромад.

— Азобаш ҳамин хел бошад, минбаъд ба қишлоқ намебароем. Як шаби дароз шишта хоб кардам. Аъзои баданам зирқиқос мезанад.

— Эй, Баҳрихони нозукадои мо,— пичинг кард Мӯҳсинзода,— Шумо ҳар чӣ бошад ҳам ба хоби ноз рафта будеду мо бечораҳо мижа таҳ накарда, шабзиндадорӣ ва духтарпой карда баромадем.

— Қавоқатон варам. Хуб хоб рафтагӣ барин. Ба сангрезаи мулоимакак ғел зада хоб рафтеду мани бечора шишта баромадам.

— Баҳрихон рост мегӯянд,— гуфт Маъмуров,— имрӯз аз репетиция озод кунед, ки дам гиранд.

Театри тамошобинони ҷавон номбаровардаю пуркувват шуда, диққати ташкилотҳоро ба худ ҷалб намуд. Онро ба театри ҳақиқӣ мубаддал намуданд. Режиссёр, балетмейстер даъват намуданд. Акнун, ки ман ба идораи газета омада, аз вазифаҳои бисёри комсомолии ячейкаи Таҳти Тутикалон халос хӯрда будам, барои

пешина
аз 447
навбатӣ