Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
тирҳоям ба нишон мерасиду сари Чемберлен поён ва пойҳояш боло мешуд. Аз ҷавонони ячейка ба ҳафт нафар номи тирандози нишонгир дода шуда буд, ки дар байни онҳо ман ҳам будам.
Торикӣ фуромад. Аз ҷониби ғарб боде бархост. Оҳиста-оҳиста қувват гирифта, хасу хошок, чангу сангрезаҳоро аз сарамон мерехт. Духтарони эркаи ҷонашон ширини мо оҳиста-оҳиста шикоят сар карданд. Яке мегуфт, ки хунук мехӯрад, дигаре мегуфт, ки кӯрпаю болишт нест, ки хобад, сеюме таклиф мекард, ки пиёда равем, то пагоҳ ба шаҳр мерасем.
Шумо, хонандаи мӯҳтарам, як фазилати деҳқонони водии Фаргонаро медонед. Онҳо дар зимистон ба ягон ҷо, ҳатто ба бозор раванд ҳам як ҷомаро пӯшида, дигарашро печонда ба китф партофта меоянд. Дар тобистон аз ҳар тораи мӯй як арақ мечакаду як ҷома дар китф доранд ва дар ҳар ҷо, ки нишинанд, қат карда, ба таҳти худ мегиранд. Мо, ҷавонони театр, дар ҳамин бобат ба деҳқонони диёрамон пайравӣ мекардем. Ба кадом деҳае ки бароед, ҷомаҳои худро гирифта мебурдем. Шабона дар ягон ҷо монем, онҳо ё болишт ва ё болопӯши мо мешуданд. Хайрият ин сафар ҳам мо ҳафт-ҳашт ҷома доштему онҳоро ба духтаронамон пӯшонда, дар болои машина ва кабина хоб равондем. Маликаи хубони мо Баҳрӣ, албатта, дар кабина буд. Худи мо ба пастхамӣ фуромадем. Шофёр як шолча овард. Ба болоямон гирифтему қаровули духтаронро кардем. Посе аз шаб гузашта буд. Тапар-танари нои асп ба гӯшамон расид. Ходими кассаи амонатгузорӣ таппончаи тирҷокардаву кулангаш бардошташударо ба ман дод.
— Шумо ба он тарафи роҳ гузареду ман дар ин та- раф мешавам. Агар лозим шавад, аз ду тараф тир ме- кушоем, — маслиҳат дод ӯ. Мардони дигар ҳам даст- дасткунон бағалҳояшонро аз санг пур карданд. Лекин мо барои ба ваҳм наафтодани духтарон онҳоро бедор на- кардем. Зеро аспакиҳо наздик омада буданд. Онҳо ду нафар буданд. Ба машина наздик омада, сари аспҳоро кашиданд. Шаб торик бошад ҳам, дар китф ё дар даст ғайр аз тозиёна дигар чиз доштанашон маълум набуд. Бод овози якеро овард.
— Машинаси антидан бузилинти-да.
— Ишинг бӯлмасин, йӯлинга кетавер! — хитоҳ намуд ногаҳон шофёри бесабри мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ