Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ки аз ҳуҷумҳои ногаҳонии морон ва дигар душмани худ дар амон бошанд. Кӯҳи Муғул ранги тира пайдо намуда, салобаташро зиёд мекард. Аз ҷониби утовҳое, ки аз сари роҳ дур ба чашм намоён мешуданд, ак-аки сағҳо, баоси говон ба гӯш мерасиданд.
Аҷаб, сурфаю атсаи машинаи мо зиёд мешуд. Шофёр як-ду бор онро боздошта, капотро кушода, куфу суф кард. Машина боз андак роҳ гашту ин дафъа сурфааш ба шиддат омада, аз роҳравӣ тамом монд. «Наход дар ҳамин дашти бедиёре монем. Албатта ҳоло гӯштин ҳам ба охир расид. Онҳое, ки имрӯз духтарони моро қариб бо чашми худ мехӯрданд, аз қафои мо ба роҳ даруянд, ҳоламон чӣ мешавад? Милиционерҳо куҷо шуданд? Дар ҳамон ҷо монданд ё аз мо пеш рафта бошанд?»— аз дил мегузарондам. Ходими кассаи амонатии район, ки аз мап хоҳиш намуда, ба машинаамон савор шуд, ки ба шаҳр равад, изтиробамро зиёдтар кард.
— Агар машина вайрон шуда бошаду дар ҳамин ҷо монем, нағз намешавад.
— Чаро?
— Мегӯянд, ки ҳамаи босмачиён таслим шудаанд. Лекин дар ин дараҳои кӯҳ ҳанӯз онҳо кам нестанд,— ҷавоб дод ӯ. Ва дахон ба гӯшам бурда гуфт:— Яроқ доред?
— Шумо-чӣ?
— Ман дорам.
— Кор фармуда метавонед?
— Метавонам. Одами ба ин тараф бо ҳамин қадар духтар меомадагӣ чӣ хел беяроқ мегардед?— Мардон, ману Мӯҳсинзода, Эшонов ва Маъруф аз машина фаромадем. Ходими кассаи амонатгузорӣ маро ба як тараф кашиду гуфт, ки дар папка таппончаи дуюмаш ҳам ҳаст. Ҳар ду таппонча бист дона тир дорад.— Агар даркор шуда монад, ман ба шумо медиҳам, парронда метавонед? Таппончаи «Маузер».
— Метавонам,— гуфтам ва дурӯғ набуд.
Дар ячейкаи комсомолии мо ҳафтае як бор машқи ҳарбӣ мешуд. Саф ороста аз шаҳр берун ба талли Руҳақ мебаромадем. Нишон сурати дар фанер кашидаи «Чемберлен» буд, ки дар сар гулдоносо цилиндр ва дар чашми доғулиёна пенснеи якчашма дошт. Аз милтиқу таппонча ба вай тир мепаррондем. Дар ҳар машқ ба ҳар кас панҷ тир медоданд ва ҳар дафъа қариб тамоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ