Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Баҳрӣ як асп ёфта савор шуда ба бузкашӣ рафт,— ӯ бо ангушт тараферо нишон дод.

Эй, вой, ин Баҳрии шӯх ва дилрабои мо буд, ки сари аспро ба чӯббии тӯдаи бузкашон сар додааст! Ман асп натозондаам. Чӣ бояд кард? Дар дашти васеъ ӯро ягон босмачии дирӯза гирифта гурезад чӣ мекунем? Тозон ба назди Султонов рафтаму воқеаро гуфтам. Ӯ бедардона тамасхуромез хандид. Лекин ин хабарро чун оҳиста ба котиби комитети районии партия Турсунқулов гуфтам, якбора бесаришта шуд.

— Эй, вай чӣ хел духтар?— пурсид аз ман ӯ.— Ба кадом тараф рафт? Ҳой Тангриқул, ин ҷо биё! — ӯ марди миёнсолеро ба назди худ хонд.— Хез куну ба асп савор шуда, як духтари инҳо ба бузкашӣ даромадааст, зудтар гардонда биё. Ҳамроҳи худ мебиёрӣ. Тезтар.

Тангриқул Баҳриро гардонда овард. Ранги ӯ парида буд.

— Ман дар байни бузкашон ду одами аз даруни ҷома милтиқи милаш буридашудадорро дидам,— хабар дод ӯ.— Ҳар дуяш аз тӯда ба чет мебаромаду гапзанон мекард.

Ман ин хабарро ба Турсунқулов ва Дадо Зокиров расондам. Ӯ чанд нафар милиционери либоси гражданӣ дарбарро фиристод. Аммо пас аз фурсате онҳо гашта омаданд ва ба раис чӣ гуфтанд, ки ӯ хотирҷамъ шуд. Вале ташвиши ман зиёд мегардид. Вақти бозгашт агар дар торикӣ монем, ба машинамон ҳуҷум кардани одамон аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, дар рӯшноӣ аз ин ҷо рафтан зарур аст. Баъди бузкашӣ боз концерт додем. Бегоҳирӯзӣ гӯштингӣривӣ, ки сар шуд, ман машинаамонро холӣ ба пушти тенгас гузарондаму якто-якто артисту артисткаҳоро ба он ҷо роҳӣ намудам ва ба ҳамин тариқ, як панъ пинҳоннамо ба роҳ даромадем.

Чанд фурсат нагузашта аз қафо машинаи сабукраве расида омад, ки Султонов, ходими советӣ Мухтор Айёмов ва боз дуи дигар савора он буданд.

— Ҳама ҷо ба ҷоҷо тинчӣ-мӣ? — пурсид Айёмов.

— Ҳоли ҳозир тинчӣ.

Сабукрав аз худ чанги калонеро гузошта рафт. Дашт салқин мешуд. Офтоб ранги лоларо гирифта, ба назар калонтар шуда меғурубид. Аз сари роҳи машина чӯру чаковакҳое парида мерафтанд, ки шабонгоҳ дар алафзор хобидаиро хавфнок дониста, ба кӯчаҳо мебароянд,

пешина
аз 447
навбатӣ