Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Вақте ки дар як мошини майдаи боркаш мо, ҳунарпешаҳои ҷавон омадем, мардум атрофи мошинро печонда гирифт. Духтаракони лӯхтаквор росту орост намудаи мо гӯё ашъёи нодири пурбаҳои выставка буданд, ки дар назди ҳар кадоми он тамошобин дақиқаҳо истода мафтунона менигарад. Мо ҳарчанд хоҳиш мекардем, ки одамон дуртар раванд, нишинанд, мо дар болои машина концертрро сар кунем, ҳеҷ кас гӯш намекард. Мардум дар умри худ духтарони бефаранҷӣ ва зеборо гӯё аввалин бор дида буданд, ки як кас «гир»— гӯяд, ҳар мард яктои ин духтаронро ба гумонам милли бузи кӯбкорӣ гирифта мегурехт.
Дар ҳамин вақт бо қамчину бонгу шавкун ба худ роҳ кушода, аз куҷо милли Хизри дастгир раиси район, марди қадбаланди дилвар марҳум Дадо Зокиров, ки монанди уқоб дар болои асп менишаст, ҳозир шуд. Хез карда, аз асп ба болои машина баромад.
— Агар тамошо диданӣ бошед, ҳой мардум, ҳама ба ин тараф мегузаред. Пиёдаҳо дар замин, аз пеш мешинанд. Савораҳо аз ақиб меистанд,— овозашро баланд намуда, бо дастони дароз ҷой нишон дод.— Агар худи ҳозир ҳамин тавр накунед, ман мефармоям, ки бачаҳо гашта раванд. Ҳой Айилбой! Ту ба ман нигар, Тангрикул, ту, ана раисони ҷамоаҳо, мутасаддии тартибу интизом мешавад. Ягон кас бетартибӣ кунад ҳам вай ҷавобгару ҳам мутасаддиҳо.
Суханони Дадо Зокиров гӯё қувваи дуои ҷодугарони афсонаро дошт. Ҳама ба тарафе ки раис таъин намуд, гузашта, нишастанд. Ҳунарпешаҳои андак хотирҷамъшудаи мо акнун ҳар ҳунарро, ки доштанд, нишон медоданд. Йигитчаҳои даҳонашон во ҳарчанд ором истода медиданду гӯш мекарданд, ба хаёли ман, дар сар фақат фикри гирифта гурехтани духтарони мо доштанду халос.
Концерт ба охир расид. Аммо мардум немерафт. Он вақт самовор, офтоба, дастшӯ, лаганду патнус ва дигар анҷому асбобҳои рӯзгорро, ки барои ғолибони бузкашӣ ва хобонак оварда буданд, берун оваронда, худи Дадо Зокиров бузи сарбуридаро ба гардани асп ниҳода омаду ба як тараф асп тозонд. Ҳамаи аспакиён аз паси ӯ тохтанд. Ман аз рӯи эҳтиёт хӯрокхӯриро баҳона карда, ҳамаи духтаронро ба як кулба ҷо кардам ва як навъ хотирҷамъ шуда будам, ки Хайрӣ маро ҷеғ зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ