Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ман, ходими газета Эргаш Мӯҳсинзода хонандаи техникуми педагогӣ, ҳозир директори парки автомобили заминҳои корамшуда Маъруф Шарифов, муаллим Эшон Маъмурови шайхбурҳониро медонистам, ки ба санъат меҳру муҳаббат, ба кружкҳои ҳаваскорони санъат иштирок доштанд.
— Костюм, декорация, хароҷот чӣ мешавад?— пурсидам ман, ки бепул — вазифаи комсомолӣ будани ҳамаи корҳои ба зиммаамон гузошташударо медонистам.
— Костюм чӣ даркор? Ҳамаи бачаҳо дадаю бува, очаю бобо доранд. Фаранҷӣ даркор шавад, аз они модару саллаю ҷома даркор шавад, аз oni бобо, мумсику локӣ даркор шавад, аз они модаркалонро овардан мегиранд. Декорация шарт не. Ҳар хона сӯзанӣ, ҳеҷ набошад, бӯғҷомаю абраи тутафшонӣ дорад. Ба пасу пеши саҳна меовезеду тамошо нишон додан мегиред. Гап дар сари декорацияю костюм не. Дар бозӣ карда тавонистан. Гапзанон кардем-мӣ? Мӯлаш баъди бист рӯз як концерти олиҷаноб тайёр карда нишон медиҳед.
Ягон ҳафта нагузашта штати театрамон пурра шуд. Дар ҳақиқат духтарон ссроб буданд. Толибаҳои мактабу техникумҳо Баҳрӣ Абдушукурова — директори ҳозираи меҳмонхонаи Душанбе, Маъмура Носирова — муаллима, хоҳари раиси комичроияи округ ва муҳаррири газета: аз ҳама ҷавонтар Рафоат Носирова — ҳоло сармуаллими институти педагоги Ленинобод, Мариам Бозорбоева — муовини вазири маорифи халқи республика, Хайрӣ Луқмонова ва Ӯгулой, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, раққоса, сурудсаро, лапаргӯи театри мо буданд. Ягон моҳ нагузашта як пьеса ва як концерти нав тайёр намудем. Комитети шаҳрии комсомол машина ёфта медод. Мо ба деҳоти Хуҷанд — Овчӣ Қалъача, Сомғор, Қистакӯз, Исфисор, Унчӣ ва ғайра рафта, концерт медодем. Дар деҳот хоҷагиҳои коллективӣ акнун ташкил меёфтанд.
Яке аз ин концертҳо дар ёди ман мондааст.
Ба муносибати барҳам зада шудани босмачигарӣ дар Қаромазор, ки ноҳияи хурд буда, аз ҷиҳати маъмурӣ ба Хуҷанд итоат менамуд, зиёфат ва бузкашӣ шуд. Дар деҳҳои калони маърака палов пухта, ӯзбекону қиргизони атрофро карнаю сурнай навохта ҷамъ карданд. Роҳбари ин тадбир аз шаҳр Мақсудҷон Султонов ном ходими комитети шаҳрии партия буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё