Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Дар пьеса ягон хатои сиёсӣ нест. Ба худи ӯ фармудаанд, ки ягон хатои дигараш бошад, ислоҳ кунад, — боз таскин додам ба ӯ.
Баъди ду рӯз ба назди Исҳоқӣ рафтам. Ин дафъа муомилааш якқадар ба таомул наздик бошад ҳам, қавоку димогаш аҳмади порина буд.
— Азбаски намедонед, ин дафъа аз гуноҳатон гузаштем, — изҳори лутфу марҳамат кард ӯ. — Минбаъд коратонро дониста кунед ва пьесаро ба дастам дод.
Намоиши пьесаи «Озодии занон» ва концертамон дар гузари Охунд турфа хуб гузашт. Баъди ин мо ба даҳон афтода мондем. Кадом ташкилот ё идорае ягон маҷлис гузарониданӣ шавад, дастаи муғанниёни мо, ки аз дӯторчӣ, дойрадаст ва наю ғижакнавозе иборат буд, пеш аз маҷлис навохта, одам ҷамъ мекард ва пас аз маҷлис пьеса ва консертҳо нишон медодем.
Артели бофандагон ташкил карда шуда буду мегуфтанд вай ба фабрика мубаддал мешавад. Овозҳо паҳн мешуданд, ки комбинати абрешим сохта шудааст ва аз ин тараф пилла ба мошина даромада, аз он тараф шоҳӣ шуда мебаромадааст. Барои ин маҳалла ба маҳалла гашта, занони қобили меҳнатро ба рӯихат мегирифтанд, ки ба пиллакашӣ, найчаандозӣ ва баъди буд шудани фабрика ба он ҷалб карда шаванд. Бо ин занон маҷлисҳо мегузаронданд. Рӯзи бемаҷлис кам. Баъзе касон сад баҳона ёфта аз вай мегурезанд. Аммо вақте ки муғанниёни мо дар самоворхона доираю дунбакро ба кор медаронданд, аввал бачагон, сонӣ ҷавонон, баъд оҳистаоҳиста калонсолон ва ҳатто занони фаранчидор бе хабари кайвонӣ ҷамъ мешуданд. Медонистанд, ки баъди маҷлис консерт ё тамошои дигар ҳаст, аз маҷлис ҳам намерафтанд.
Қотиби якуми комитети шаҳрии комсомол маро ба кабинети худ хонд.
— Ҳамин кружоки ҳаваскорони ячейкаи Таҳти Тутикалонро ба театри тамошобинони ҷавон гардонданӣ ҳастем. Директор, роҳбари бадеӣ, режиссёри вай худи шумо шуда мондан мегиред. Бутхонаи шаҳр ба ихтиёри шумо. Ҳам зал дораду ҳам саҳна. Аз духтар сероб мешавад. Ғайр аз ин, Мӯҳсинзода, Маъмуров ва Шарифов, онҳоро медонед, ба ихтиёри шумо дода мешаванд. Репертуар меёбам. Ба саҳна мондаву нишон додан ба шумо мемонаду халос.

пешина
аз 447
навбатӣ