Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Вақте ба Самарқанд рафтаму дар он ҷо чун хо­дими фаъоли матбуот — фельетончии номӣ Қурбон Баҳ­лулзодаро дида ин воқеаро гуфтам, хандид.

— Алами Исоро аз Мӯсо гирифтааст,— гуфт ӯ.— Вай сояи моро аз девор метарошад. Як тӯда маишатчиҳо бо сардории вай ба идораҳо даромада гирифтагию аз кор дида зиёдтар улфатбозӣ менамоянд. Се-чортои онҳоро як-ду бор чӯққӣ карда будем. Боб карда аз ту аламашро гирифтааст. Ҳафа нашав. Ҳисобашро меёбем.

Аз миён як моҳ нагузашта дар журнали «Муштум» бо сарлавҳаи «Хуҷанд тулкиси» хабари фельетонмон­де баромад ва дар он маро тарафгирӣ ва Миров таънаю сарзаниш карда мешуд. Инро дастак карда, ба ячейка ариза додам, ҳайф ба туро бардоштанд. Ҳоло «ҳа ин кас-мӣ?» — гуфта даромадани Миров ишора ба ҳамон моҷарою хусумати ӯ буд.

— Ҳозир ба шумо ҷавоб. Бюро шавад, хабар меди­ҳем,— гуфт котиб.

— Ба он ҳоҷат ҳам намешудагист,— гуфтам дар вақ­ти хайр бод.

— Истед, истед! — даст бардошта моро аз рафтан боз дошт Миров.— Чӣ гуфтед?

— Нашунида бошед, шунавед, рафиқ Миров, ки пье­саро нафақат Исҳоқӣ, балки котиби якуми окружкоми партия ҳам хонда маъқул ёфтаанд. Аз ҳамин сабаб дар бюрои оянда муҳокимаи масъалаи мо намешавад,— ин­ро гуфтаму тарбузро аз бағали Миров афтондаю кафон­да берун баромадам.

— Миров одами бадкина,— ғурунгос зад котиби ячейкаи мо. Нағз накардӣ, ки ранҷондӣ.

— Вай бе ҳеҷ сабаб ранҷондан гирад майлашу ма­ни бечораро чӣ чора гуфта, сарамро хам кунам? Не! Боэҳтиётӣ, андеша, ҳатто андак буздилии ту эҳтимол даркор бошад. Аммо ман сарамро хам намекунам. Гу­ноҳи ман чист? Барои пьесанависӣ дили маро бардош­тан даркор. Охир дирӯз ҳамин котиби горкомамон пье­саро дар маҷлис таъриф кард, ба ман раҳматнома дод, акнун аз карда пушаймон.

— Сабук нашав,— панд дод котиби ячейка кало­нона.— Кӣ медонад то пагоҳ боз чӣ гапҳо ёфт меша­ванд. Исҳоқӣ аз пьеса ягон хатои сиёсӣ ёбад, чӣ кор ме­кунӣ?

пешина
аз 447
навбатӣ