Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шумо аз тамошобинон як одам ба саҳна баромада бемазапазиҳо кардааст.
— Карданӣ буду аз саҳна фуровардем, — сухани котибро буридам.
— Забони шумо анча тез барин, — ранҷидахотирона гуфт котиб.
Ӯ ба андешам мунтазири таваллои мо буду ман аз вай баланд меомадам. Қотиб диққатӣ аз ҷой хесту моро ба кабинет гузошта рафт. Дар набудани ӯ котиби эҳтиёткори ячейкаи мо ба ман панд медод, ки аз як даҳон гап монам. Ҳатто ӯ пирона маслиҳат гуфт, ки гардани хамро шамшер намебуррад. Вале ман, ки дар симои котиби комитети округии партия пуштибон доштам, дар дил қарор намудам, ки асло паст нафуроям. Ҳатто беақлона розӣ будам, ки дар ҳаққи ман чора бинанду баъд пушаймон шуда «мебахшед, мо нафаҳмидем» — гӯянд.
Ин вақт котиб бо Миров ном як каси масъул даромада омад.
— Ҳа, ин кас-мӣ? — пурсид ӯ ба ҷои салом ва ба ман мад кашида нигоҳ кард.
Оши Миров бо ходимону ҳавасмандони матбуот намепухт. Вай онҳоро бад медид. Медонист, ки ман ҳам аз ҷумлаи онҳоям. Боре ӯ ба ман дучор омада фармуд, ки ба наздаш дароям. Ғалладони мизро кушода ӯ як справкаро гирифта ба наздам гузошт ва пурсид, ки имзои поёни он оё имзои ман аст? Ҳайрон шудам, ки справка чи тавр шуда ба дасти ӯ афтод. Чанд рӯз қабл аз он яке аз тӯраҳои маҳалламон ба амин муроҷиату хоҳиш мекунад, ки дар боби шумораи фарзандонаш ба ӯ справка диҳад. Амин ба муовиниву котибаш, ки дар маҳалла ман будам, фармуд. Навишта додам ва ҳарду имзо карда мӯҳри сегӯшаамонро пахш карда будем.
— Медонед ба кӣ серфарзанд гуфта справка додаед? — пӯписса бардошт Миров. — Ба тӯраи муфтхӯр.
Вай бо ин справкаи шумо ба ягон фабрика ё завод даромада зараррасонӣ кунад, ҷавобгар кӣ мешавад?
Миров чунон далелу исбот ва мисолҳои бисёр оварда маро чандон ҳақорат дода ва мулзам кард, ки замин накафид, дароям. Маро ба даҳонкушоӣ ҳатто ба узрхоҳӣ ҳам намонд. Ҳамин ки сухан гуфтанӣ мешудам, «одам аввал гӯш мекунад!» мегуфту лекин то ба охир ба ягон сухани ман гӯш накард. Баъди чанд рӯзи он дар ячейка барои ин справка ба ман ҳайф ба ту доданд.

пешина
аз 447
навбатӣ