Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

маро хушнуд кард. Гуфт, ки дар қабули котиб буд. Вай Исҳоқиро ҷеғ занонда оварда, як пардаи пьесаро хононда шунид ва дар пеши ман чунон суханҳои обдор ба вай гуфт, ки тоза музтар шуд. Ман медонистам, ки Шарифҷон Раҷабов яке аз дӯстони Қаҳҳор Хоҷаев мебошад. Онҳо ҳанӯз солҳои пуздаҳу бист дар бозори қоқи шаҳр пьесаҳо нишон медоданд. Ҳуди Қаҳҳор Хоҷаев «Бедонабоз» ном пьесае навишта, бо ҳамроҳии Раҷабов ва муаллимон Осимхони пир, Маъмур Акрам, Ҳоҷихон Умаров ва дигарон бозида ҳатто билет ҳам мефурӯхтанд. Аз ин рӯ ба хушхабари Қаҳҳор Хоҷаев зуд бовар кардам. Аз мактаб бо сафои хотир баромадаму аввал ба курси дар сарои Яҳудиён буда мехостам равам, ки котиби ячейкаамон дучор омад.

— Ба ҳавлиатон рафтам. Набудӣ. Кофта ба мактабат мерафтам. — Аз қиёфаи ӯ нохушие ҳувайдо буд. — Ин дафъа котиби горком ҷеғ занонда бурда чунон гумбур-гумбур бардошт, ки саҳл монда буд гурдаам кафад. Боз байти пьеса.

— Ҳамааш ҳамин-мӣ?

— Не. Ҳуди пагоҳ ҳамаамонро бурда дар бюро муҳокима кардагӣ ҳастанд.

— Хуш боз чӣ?

— Ҳа, боз чӣ мехоҳӣ?

— Парво накун. Ҳуди котиби комитети округии партия пьесаро хононда маъқул ёфтааст ва ба худи Исҳоқӣ гуфтааст, ки тезтар чечакатро монда деҳ, — бебокона сухан мегуфтам ва аз ин худам ба завқ меомадам.

— Аммо ҳар чӣ бошад ҳам, пагоҳ соати ду ба пеши котиби комсомол рафтан даркор. Гапамро писанд накард гуфта, наранҷад. Иззаташ-дия.

Котиби комитети шаҳрии комсомол чун дарро кушода даромадем, моро диду ҷиддӣ шуд.

— Билетро бо худ овардед? — пурсид ӯ.

— Чӣ буд?

— Мумкин аст, ки кашида гиранд.

— Кӣ?

Котиб теғ кашида ба ман нигоҳ кард.

— Бюрои комитети шаҳрии комсомол.

— Барои чӣ?

— Ин саволҳоро сабр кунед, мо ба шумо медиҳем, — гуфт котиб. — Ба шумо кӣ мондааст, ки худатон нависед ва худатон ҳам беиҷозат ба саҳна монед. Дар як концерти

пешина
аз 447
навбатӣ