Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ту полвон качал-мӣ? Ҳезаду як душмани синфӣ як чизи зарарноки зиддишӯроиро навишта чорта нағмагарро ёфта, ҳар ҷо, ки хоҳад бурда ба мардум нишон диҳад, мо даҳонамонро кушода нигоҳ карда мешинем-мӣ?

— Рафиқ Исҳоқӣ, ман душман ҳам нею ин пьесаи зиддишӯроӣ ҳам нест. Гуноҳи ман ҳамин, ки оварда ба шумо нишон надодаам. Худи ман инро намедонистам ва дигарҳо ҳам инро ба ман нагуфтанд.

— Э барака ёв! Вой бар ҳоли бачаҳо, ки таълиму тарбияи шумо барин Усто кӯрмаган шогирдҳоро мегиранд.— Каф ба рӯи стол бо таассуф зад.— Ана ҳамин кас муаллиму боз пьеса менависанд ва мегӯянд, ки бесаводу бефаросат не, ҳакими ҳозиқ саманди гирди қозиқанд...

— Ҳар чӣ гӯед, гӯед. Пасфардо омада пьесаро гирифта мебарам.

— Он тарафашро дида арз мекунем. Яъне хонда баромада мегӯям, ки инро ба мардум бароварда нишон додан мумкин ё не.

Берун баромадаму худ ба худ гуфтам: «Чаро ту аз паи ҳамин хел корҳо мегардӣ! Ҳар рӯз ба навад кас дарс медиҳӣ. Ба ҳамин сари ҷавониат магар ин кифоя нест? Вазифаи комсомолӣ бе ҳамин ҳам кам не. Газераи деворӣ мебарорӣ. Ҳамаи қарорҳои ташкилоти ибтидоии партиявиро навишта медиҳӣ. Ҳафтаи гузашта рӯзи дароз гилгилмон шуда боми чаккагузаштаи бевазанеро ловида додем. Магар ҳамаи ин вазифаҳо каманд? Ана ба болои аллазала. Ба зӯр пьеса навишта он қадар меҳнат карда, ҷон коҳонда ба саҳна бароварданат бас набуд, ки акнун чораат мебинанд». Лекин зуд аз пушаймонӣ пушаймон шудам.

Ба мактаб рафтам. Ба мудирамон Қаҳҳор Хоҷаев воқеаро гуфтам. Вай ранҷид.

— Шумо ба дарсатон дароед. Ман ба пеши Шарифҷон равам чӣ, чӣ мегӯяд,— мудир тӯппии ҷустро ба сараш каҷ гузошт ва мӯйлабро тоб дода, ба велосипед савор шуда рафт.

Чӣ хел дарс додам, намедонам. Баъди дарси мактаби ибтидоӣ ба ҳавлӣ мерафтаму супориши комсомолиро ба ҷо оварда баъд ба дарси ду курси маҳви бесаводӣ мешитофтам. Ҳозир бошад, ба ҳеҷ ҷо рафтан дил намекардам. Аз бекорӣ, кадукорӣ ба газетаи девории мактаб суратҳо кашидам ва мунтазири мудир шудам. Омадани ӯ

пешина
аз 447
навбатӣ