Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Шиштан мумкин-мӣ? — пурсидам дар ҷавоби ин арбада.
— Шинед! — бо фуқаш стулро пешон дод.
— Ба шумо кӣ мондааст, ки пьеса нависед? — боз пурсид ӯ.
— Ман муаллим ҳастам.
— Муаллим бошед, муаллимиатонро купед!
— Пьесанависҳо аз модар нависанда таваллуд нашудаанд, — гуфтам оромона.
— Ин тараф тед! — ба далелам ҷавобе ёфта натавониста даст ба дафтари умумӣ дароз кард, ки пьеса дар он навишта шуда буд. Ӯ онро кушод. Саҳифаи аввалро сарсӣ, баъд саҳифаҳои дигарро ҳарчанд аз ҳар ҷо бошад ҳам, дар даруни дил мехонд ва медидам, ки гӯё аз ҷаҳл мефаромад. — Худат навиштӣ ё ягон каси дигар ҳам ёрӣ дод?
— Худам, — гуфтаму гумон кардам, ки ӯ ҳозир аз гуфтаҳояш пушаймон мешавад. Вале ғалат кардаам.
— Пьесаро муаллимча монда меравӣ, — боз ҳам дуруштона ва бо ҳамон оҳанги аввали арбадҷӯёна амр кард ӯ. — Мо хонда мебароем. Ҳоло намедонам, ки чӣ тавр. Лекин бе ҳеҷ ҷурму-чурм нағзу маъқул навишта бошӣ ҳам, дониста мон, ки ба ту чора мебинем. Кори давлат ба ту бозӣ-мӣ? Ба кӯрпаат нигоҳ карда по дароз кун. Чанд сол хонда як ду сол муаллим шудан катӣ ҳар кас пьесанавис шуда наметавонад.
— Ман — муаллим гуфтам ба шумо.
— Э бошӣ, будай! — Сурфаи сахте кард, ки садои вай ба даррондани чити нав мемонд.
— Ман мегӯям, ки одами бесаводу бефаросат не, муаллим ҳастам.
— Ё пираме! — ин дафъа шикоятгарона оҳ кашид Исҳоқӣ, — бед гӯям, тут мегӯяда!
— Кай биёям?
— Баъди ягон ҳафта.
— Мо пьесаро баъди се рӯз ба гузари Охунд бурда нишон доданӣ ҳастем, — гуфтам қаст наомада.
— Бе имзои ман ба қабристони Гунбази Қошуқ ҳам бурда пешон дода наметавонӣ. Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам. Лекин, агар то пасфардо фикратонро нагӯед, рост ба пеши котиби окружкоми партия медарояму арз мекунам.
— Ту маро аз окружком тарсонданӣ ҳастӣ? Ман ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё