Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

корпартофтаи кадом як шаҳри саноатии Англия пулакӣ мондем. Ин бор на фақат тамошобинони доимии мо, балки аз маҳаллоти дигар ҳам одамон омаданд ва тамошогоҳамон, сарои бозори гӯсфанд хурдӣ карда, ба болои бом ҳам билети арзон фурӯхтем. Овозаи дастаи мо дар шаҳр паҳн мешуд ва дар як маҷлиси кушодамон котиби комитети шаҳрии комсомол онро таъриф карда, ба ман «Раҳматнома» супурд. Вале ин овоза ба сари ман, ҳамчун муаллиф, ба саҳнагузори пьеса ва ҷавобгари шабҳо ташвишу такопуҳое овард, ки аз фаъолии худ қариб пушаймон мешудам.

Ба кор рафтаравон котиби ячейкаи комсомолиамро дидам.

— Ман ба ҳавлиатон мерафтам,— гуфт ӯ,— аз куҷо ҳам ману ту корҳое сар кардем, ки акнун ба сарамон ғавғо меоварад?

— Чӣ кор кардем, ки ба сари мо ғавғо меовардааст?

— Исҳоқӣ дина маро ҷеғ зада, ба тахта кашид,— гуфт дар ҷавоб ғамгинона котиб.— Чӣ валло, ки бе иҷозати шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти мо шумо ба саҳна пьеса мемонед, мегӯяд. Имрӯз ҳар дуямонро ҷеғ задаанд.

— Худи котиби горкоми комсомол дирӯз ба ман раҳматнома дода таъриф карду акнун гапи нав баромадааст-мӣ? Ғам нахӯр. Ҳеҷ тап намешавад. Худам рафта гапзанон мекунам,— дили ӯро бардоштам.

Ба мактаб омада воқеаро ба мудири илмиамон Қаҳҳор Хоҷаев гуфтаму аз ӯ иҷозат гирифтам.

— Ҳамон пьесаатон бошад, тасдиқ мекунанду халос,— таскин дод ӯ ба ман, ки «Озодии занон»-ро хонда баъзе маслиҳатҳо дода буд.— Чон гӯянд, ки аз шаҳри худамон пьесанавис мебарояд.

Вале Исҳоқӣ «ҷон» нагуфт. Ин ҷавони бадбуриш, фарбеҳ, шикамкалону гарданкӯтоҳ, ки чашмони ба назарам чуқури бадбинона дошт, овози бадҳайбаташро чунон баланд бардошт, гумон кардам, ки баробари дилам шишаҳои тиреза ҳам ба ларза даромаданд.

— Қадатон як ваҷабу ришатон се ваҷаб! Шумо «Узимбиларманҳо» шаҳри Хуҷандро шаҳри ҳалқалау бедарвоза гумон кардед-мӣ? Ба шумо кӣ мондааст, ки пьеса нависеду беиҷозат бароварда ба мардум нишон диҳед? Канӣ ба ман гӯед?

пешина
аз 447
навбатӣ