Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бино ба қавли бобои ӯ Абдумаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳамин кӯча таваллуд ва калон шудааст. Чӣ хуб мешуд, ба ин кӯча номи ё Абдумаҳмуд ва ё Ҳоҷӣ Юсуфро медоданд!

XI

Дар фасли гузашта аз тӯдаи ҳаваскорони санъати ячейкаи комсомолии Таҳти Тутикалон низ сухан кушода шуд. Аз ин рӯ, мехоҳам аз ёддошти худ дар ин боб ба хонанда нақл карда гузарам. Ман гуфтам, ки баъди ба ҳисоби ячейкаи мо омадани Мағфират Пӯлодова кори ҳаваскорон барор гирифт. Мағфират аз хонандагони мактаби худ чанд нафар духтаронро ташвиқ намуда, ба кружоки мо овард. Мо ба онҳо ваъда додем, ки репетицияҳоро аз ҳама пинҳон гузаронда ва пинҳон ҳам онҳоро ба саҳна бароварда, баъди тамошо то хонаашон бурда гуселонем. Онҳо мактабу машғулиятҳои вайро баҳона карда меомаданд. Азбаски падару модаронашон ба муаллима Мағфират эътимод ва эътиқод доштанд, ҳар қадами духтарони худро таъқиб намекарданд.

Тамошобин медонист, ки дар пьесаю консертҳои мо роли зану духтаронро ҷавонписарон мебозиданд. Бинобар ин, баъди як моҳи омадани духтарон вақте мо тамошои наве нишон додем, ки дар он чор нафар духтар бо сардории худи муаллимаашон иштирок менамуданд, ҳеҷ кас ба духтар будани онҳо бовар намекард. Пьесаи навамонро худи ман навишта будам. Вай ба озодии занон бахшида шуда буд ва роли намояндаи фабрикаи шоҳибофиро Мағфират, роли духтарони ба он корхона бурдашавандаро се нафар духтаракон мебозиданд ва номи пьеса дабдабанок «Озодии занон» буд.

Ин дафъа тамошобинони мо таҳсину офаринро бисёр мегуфтанд. Ин сабаб дошт. Пеш аз ҳама дар мавзӯи озодии занон сурудҳо хеле бисёр бошанд ҳам, то он вақт ё пьесаҳо набуданд ё мо нишон надода будем. Баъдаҳу, онҳо гумон мекарданд, ки ҳамаи иҷрокунандагони ролҳои зану духтарон писарбачагони мактаби бозори гӯсфанд мебошанд, ки ба қиёфаи духтарон ҳам ба таври аъло даромадаанд. Овоз, шишту хез ва тарзи гуфтори онҳоро низ ҳайратоварона азхуд намудаанд.

Баъди ин муваффақияти калон мо «Озодии занон»-ро
дафъаи дигар ба фонди МОПР — мадади коргарони

пешина
аз 447
навбатӣ