Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гузорем. Биноун алайҳ, худи ман, ки дар дил ин орзуро доштам, розӣ шудам ва дуи мо боз китобҳои бисёре хондем ва шурӯъ ба навиштан кардем. Дар дебочаи китоб, ки худи Ҳоҷӣ Юсуф баъди ба қалам оварда шудани он иншо намудааст, аз ин хусус сухан меравад. Аз худи ҷанобашон пӯшида нест, ки як замон дар хона китоби кӯҳнаро бинанд, ҳеҷ набошад, айб мекарданд. Ҳамон вақтҳо каминаатон китобро пинҳон ва дар куҷо гузоштанро фаромӯш карда будам ва шукр ҳоло ёфт шуд.
Зеро дар ҳар ҷо ки аз ин китоб мехондам ё мешунидам, ҳолам бад мешуд.
— Чӣ мешуд, ки китобро ягон ду рӯз ба ман гузоред, ки зуд хонда бароям?
— Ба ҳамин мақсад ҳам овардам, ки як хонда бароед ва баъд ба дасти Муҳаммадрофиев ва Сафохон диҳед, ки чӯёи ин китобанд ва чанде пеш шаммае аз ёфт шудани китоб ба онҳо карда, сабр аз дилашон рабуда будам,— суханро чида-чида гуфт Муҳаммадхонов.
Ба ӯ изҳори миннатдорӣ намудам ва китобро дар як шаб хонда баромадам. Ба даст гирифтаму дигар то тамом намудан вайро гузошта натавонистам. Шояд ин сухани маро игрок пиндоред. Лекин рост мегӯям, ки дар бораи сайёрагон, моҳу офтоб ва ҳаракати онҳо ман ҳанӯз чунин маълумоти мӯъҷаз ва мухтасарро надида будам. Онро дар ягон журнали илмӣ ё ба тарзи рисола нашр намудан лозим ва зарур аст.
Боз як шарҳи мухтасаре.
Агар шумо ба ҳавлии Ҳоҷӣ Юсуф рафтани шавед, аз Чорраҳа аввал ба чап гашта, баъди чанд қадам ба кӯчаи марказии шаҳрамон, кӯчаи Ленин мебароед ва пас ба дасти чап мегардеду ба кӯчаи Оғлуқони пештара, Шӯрои ҳозира медароед. Баъди чанд қадам дар дасти рост тангкӯча ва дар охири он болохонаеро мебинед, ки он ба Ҳоҷӣ Юсуф тааллуқ дошт. Мегӯянд, ки ӯ китоб хондани шавад, албатта ба он ҷо мебаромад, ки касе халал нарасонад. Роҳи зери болохона аввал ба ҳавлии берун ва баъд дарун мебарад. Ҳоло ҳар дуи он хобгоҳи омӯзишгоҳи тиббии шаҳр аст. Тасодуфи аҷиб!
Мегӯянд, ки машғулияти аз ҳама барояш завқовари олим, машғулияти тиббӣ ва табобат буд. Ҳоло дар зодгоҳи ӯ, дар ҳавлие ки то дами охирин мезист, ходимони ояндаи тиб истиқомат доранд. Рӯҳи олим шод бод! Ҳоҷӣ Юсуф ба дӯстон ва наздикони худ мегуфтааст, ки

246

пешина
аз 447
навбатӣ