Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

падараш номид. Дар чақари Хоҷа Камоли шаҳр ҳеҷ кас дараки кӣ будани Қорихусайпро надод. Аз авлоди шайхон, аъзои клуби шӯҳрати революционии шаҳр, нафақагир Ислом Бобоев, ки дар Қорихонаи маҳаллаи Хоҷа Камол замоне таҳсил намудааст, низ Қорихусайпро надонист. Акнун ҳамин монда буд, ки ба Исфара равам ва меҳмони домоди Асирӣ шуда, асари олимро дарак кунам. Дар ҳамин асно рӯзе ба пои худ ин пирамардӣ қадбаланд, қоқина ва сабзина ба ҷои корам даромада омад. Ӯ дар даст чизи ба рӯймол печонида дошт. Аз чаҳоргӯшагӣ ва ҳаҷм китоб будани онро дарк намудан душвор набуд. Муҳаммадхонов, ки маро ҳарчанд манъ ва хоҳиш карда бошам ҳам «ҷаноб» меномад, баъди вохӯрию ҳолпурсии муллоёнаи пештара мужда расонд.
— Ман ҷаноби шуморо хурсанд кардани омадам,— гуфт ӯ гиреҳи рӯмолро кушодаравон.— Дере боз ин китоб гум буд. Афсӯс мехӯрдам. Ба касе дар ин хусус даҳон кушода наметавонистаму...
— Оё ин асари Ҳоҷӣ Юсуф нест? — бесаброна пурсидам.
— Асари он кас ва асари ман,— гуфт Муҳаммадхон ва дастнависеро, ки муқоваи китобҳои кӯҳнаро дошт, ба дасти дарозкардаи ман дод.— Нодуруст мегӯянд, ки ин фақат асари худи Ҳоҷист. Инро мо ҳар ду навиштаем...
Дастнавис, агарчанде, ки дар қоғази абрешимини истеҳсоли пештараи Самарқанд, бо сиёҳии пештара ва найқалам навишта шуда бошад ҳам, бо вуҷуди мурури замон ва даст ба дастгардӣ ҳанӯз нав аст. Гӯё ба ҳамин қарибиҳо онро рӯбардор карда бошанд.
— Ин хати шумост?
— Не, хати яке аз мухлисони Ҳоҷӣ Юсуф, як каси гӯлакандозӣ.
— Оё номи ӯ Қорихусайн набуд?
— Гӯё чунин ном дошт.
— Ӯ зинда бошад?
— Қайҳост, ки падидаам. Эҳтимол фавтидааст,— гуфт Муҳаммадхонов.— Ман ҳам аз мударрис Офтобхони кӯқандӣ, ки дар Қоҳира мударрисӣ мекард ва олими калони илми нуҷум буд, дарсҳо гирифта, китобҳои бисёреро аз ин соҳаи илм хонда, хеле дониш ҳосил карда будам. Инро Ҳоҷӣ Юсуф медонист ва ӯ боре ба ман таклиф намуд, ки ҳар ду барои ҳаваскорони донистани илми фалакиёт ва нуҷум китобе навишта, аз худ боқӣ

пешина
аз 447
навбатӣ