Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Дасти ӯ дар рӯи дафтар буду чашмаш, нигоҳ кардам, ки ба як зане. Зан ҳамон Бибироҳила буд, ки оташкови танӯр дар даст, гирдогирди ҳавлиаш аз қафои Воҳид тохта, баъди гурехта рафтани вай гӯё дар дилаш армон монда, гирист. Сонияю дақиқаҳои хомӯшии маърӯзачӣ ва ғибир-ғибири ҳозирин мегузаштанд...
Наход Воҳид тарсид, ки Бибироҳила ҳозир мехезаду аз гиребони ӯ гирифта ба поён мекашад? Ё он рӯз ба хотирш расида хандааш меояду суханро давом дода наметавонад? — аз дил гузарондам. Пичир-пичир ва ҳатто қиқир-қиқири духтаракон сар шуд. Котиб «гап зан охир, чаро ҷим шуда мондӣ?» — гӯён Воҳидро оҳиста пихта карда монд. Ӯ танҳо ҳамон дам ба ҳуш омад, ки кайвонии маҳалла «хайр, тамоми шуда бошад, ҷавоб диҳед, заифҳои бечора ба хонаашон раванд охир» — мегуфт. Воҳид ба ҳуш омад. Дарёфт, ки маърӯза мекунад, на пешопеши Бибироҳила дар ҳавлии майдаи вай ҳалқа мезанад. Ӯ маърӯзаи олиҷаноби худро давом дод. Боқимонраи онро монанди қории ба хатми таровеҳ гузашта тез хонд. Вале дар сухани ӯ дигар таъсири аввала нашуд.
Баъди маҷлис бюрои ғайринавбатии ячейкаамон шуда, рафтори Воҳиди бечораро муҳокима кардем.
— Надонам ба ман чӣ шуд? — гуфт ӯ дар ҳолате ки намегиристу халос. — Ба ман чашмонашро ало було карда, чунон теғ кашида нигарист, ки гумон кардам, ҳозир мехезаду ягон калтак ёфта маро зада-зада пеш мекунад.
— Як худатро ба духтур бурда, нишон доданат даркор, — гуфт яке аз аъзоёни бюро. — Ҳамон рӯз ҷудо ганда тарсида бошӣ, ба заҳраат зарар расидагист.
— Бюро ҷои масхарабозӣ нест, — огоҳ намуд котиби ҷиддии мо. — Дар ин ҷо аз обрӯи комсомол, обрӯи вай дар байни занон сухан рафта истодааст. Ду бор ҳамин хел шармандагӣ шавад, ман боварӣ дорам, ки зани фаранчӣ мепартофтагӣ ҳам аз баҳри фаранчипартой мегузарад...
— Ҳамин тавр шуданаш мумкин. Ин гуноҳи Воҳид не, — гуфта ҳарчанд тарафашро гирифтем, нашуд. Котиб ба ӯ ҳайфи ту эълон намуд.
Ба сари асари Ҳоҷӣ Юсуф бармегардем.
Баъди меҳмони хонаи духтари Ҳоҷӣ Юсуф шуда, аз Душанбе баргашта омадан, ба суроғи Қориҳусайни ғӯ- лакандозӣ афтодам, ки Шарафнисо ӯро яке аз мирзоёни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё