Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Бар падарат лаънат! — гуфт бародари Қутбия, ки аз шармсорӣ дар як дам арақ карда будою зуд гурехт.
— Лаънати Худо бо ту бод! — гуфт аз қафои вай Воҳид ва рӯй ба ман кард. — Ба ман ягон чиз шудагӣ-мӣ мегӯям?.. Аз калтаки Роҳилабибӣ дирӯз базӯр халос шудаму ҳолӣ кам монда буд, ки ин аҳмақ маро хоҳараш гумон карда, нағзакак кӯбад.
Ноомади корҳои Воҳид дар ҳақиқат кам набуд.
Боре ба муносибати 8 Март маҷлиси оилавии калони комсомолони ячейкаи мо даъват шуда буд. Ба ин гуна маҷлис комсомолҳои зандор бо зани худ ва безанон модар ё хоҳари худро бефаранҷӣ гирифта меомаданд.
Як ҳафта пеш аз ин ҷашн дар хонаҳо моҷарои «меравам, намеравам, ё немеравию намебарӣ» сар мешуд. Вале ба ҳар ҳол ҳар кас каси дигари ба ҷои фаранҷӣ яктаҳи шавҳар, ҷойнамоз, қарси меҳӣ ва ё бӯғчабанди печидаро ҳамроҳаш гирифта меомад. Аксари онҳо ё касдан ё ин ки дар хонаҳо бачапо надоштанду бо кӯдаконашон меомаданду тифлон гиристаю мағвал бардошта, гапро ба гап намемонданд.

Маҷлис дар ҳавлии беруни Мири ошпаз, ҳамон ошпазе ки кабоби дегии хуштаъме мепухт ва дар маҳаллаи Таҳти Тутикалон, кӯчаи ҳозираи Чӯра Зокиров умр ба сар мебурд, баргузор буд. Яке аз писарони ӯ Абдулваҳҳоб ба комсомол даромаду ба ҳамин муносибат меҳмонхонаи ӯ ва саҳни он маҷлисгоҳи мо шуда буд. Зану духтарони бисёре ҷамъ омаданд. Бинобар ин, ба рӯи ҳавлӣ ҳам палос кушодему маърӯзачи Воҳиди мо буд.
Хабарам ҳаст, ки бечора ба ин маърӯза як ҳафта тайёрӣ дид. Маърӯза ба пасу пеши сафаҳоти ду дафтар бо хатти арабӣ навишта шуда ва дар бӯрои ячейка онро Воҳид як соат хонд. Бо иловаҳои мо мебоист якуним соат давом кунад. Вале...
Аз пушти калимаи «вале» гоҳо аз воқеаю ҳодисати ғалатӣ ҳарф меравад. Дар рӯи суфа мизе ва дар қафои он харакҳо гузошта шуда буданд. Маҷлисро кушоданд.
Чӣ аз зану духтарони озод, яъне фаранҷӣ партофта ва чи аз зану духтарони ба ҳамин маҷлис бефаранҷӣ омада, президиум интихоб кардем. Сухан ба Воҳид дода шуд. Беҳуда меҳнат накардааст. Аз дафтар аввали ҷумларо, ки дид, гӯё тамомаш ба ёдаш мерасид ва аз ёд сухан мегуфт. Ба ҳамин минвол тақрибан чорьяки маърӯза хонда шуд. Вале ногаҳон Воҳид хомӯш шуда монд.

пешина
аз 447
навбатӣ