Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
вақти маро мегирифт ин кор, намедонам ва намедонам, ки ман, муаллими дар се ҷой дарсдошта, барои ин корҳо чӣ тавр фурсат пайдо менамудам.
Сухан дар сари Воҳиди шӯрбахти мо буд. Яке аз тамошобинони аз ҳад бисёре, ки дар худи кӯча ба замин нишаста, тамошо мекарданд, аз ҳама бевақттар меояду Воҳидро дида, ба хоҳари худаш монанд мекунад. Хоҳари ӯ, сухан дар байни мо монад, аз падар ва акааш пинҳонӣ ба сафи комсомол дохил шуда буда, ба маҷлисҳо вай фаранҷӣ гирифта меомад ва аҷибаш дар ин ҷо ки ягон кас ин сирри ячейкаи моро дар ҳеҷ ҷо фош нанамуд, то он дам ки худи духтар — Қутбия комсомолкаи пинҳонӣ, курси махв кардани бесаводиро тамомом намуда, ба артели бофандагон ба найчаандозӣ даромад. Танҳо баъди ин ба маҷлис бефаранҷӣ омада мерафт.
Бародари Қутбия Воҳиди моро ба хоҳараш монанд карда, аз як рафиқи шӯхтаригариаш мепурсад, ки вай духтари кист? Ӯ мегӯяд, ки хоҳари ту. Ҳар тораи мӯи чаҳолат бадани ҷавонро сӯрох менамояд ва тозон ба қафои саҳнаи мо мегузарад. Ман дар паси саҳна меистодам, ки ногоҳ як ҷавон ба пешам омад.
— Қутбия канӣ? — пурсид ӯ, ки аз ғазаб меларзид.
Даст ба гиребони ман дароз кард, ман дасташро маҳкам гирифтаму сар надодам. — Ту ба роҳат рост мегардӣ, ё не?
— Ман ба ту чӣ кардам? Қутбияат кист, вай дар ин ҷо кор мекунад? — ман ҳам паст наомадам.
— Худатро ба нодонӣ мезанӣ, шайтон, — овозашро баландтар кард ӯ. — Қутбия хоҳари ман мешавад. Хоҳари ман! Ту чӣ ҳаққу ҳуқуқ дорӣ, ки духтари мардумро бераҳа карда оварда, ба масхарабозӣ андозӣ? Гӯй ин ҷо барояд.
Ана дар ҳамин вақт дар сар рӯмол, дар тан куртаю поҷомаи занона Воҳид берун омад.
Бародари Қутбия дасти худро сахт кашида, аз дасти ман халос карду аз китфи Воҳид гирифт.
— Ба ман нигоҳ кун!
Воҳид нигаристу қарс аз сараш афтид.
— Ҳа, худи гап чӣ? — пурсид Воҳид.
— Ман то ин вақт намедонистам, ки номи ту Қутбия асту хоҳари ин бӯзбала мешавӣ, — гуфтам. — Эй, вой, ба одамон чӣ бало задааст, ки хоҳарашонро нашинохта мондаанд, нару модаро фарқ намекунанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё