Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
писари падару модари мӯъмину мусулмони камсомон шудагиаш бас не, ки ӯртоқашро фиристода гӯяд, ки рафта, диндору бедин будани модарамро дониста биё! Чува замин кафида, кофиронро фурӯ намебарад? Ин чӣ рӯзе аст, мусулмонҳо! — Ӯ ба ман нигарист ва аз мусулмон гуфта муроҷиат намуданаш пушаймон шуд магар ки рӯй ба тарафи дигар тофт. — Гум шавед, аз пеши назарам, нинакшаҳро, ки зада-зада бароварда нафиристонам!
Ману Мағфират аз ин меҳрубонии ӯ шод шуда, зуд аз ҳавлӣ баромадем ва дигар баҳона ёфта аз кори комиссия худро ба канор кашидем. Воҳид бошад, барои модарашро аз роҳи хатои диндорӣ гардонида натавонистан он комсомоледро илоҷе карда, дар бӯрои ячейка аз сафҳои комсомол бароваронд. Лекин горкоми комсомол қарори моро бекор карда, ба котиби ячейкаамон барои худсарона анкетасозӣ ва комиссия ташкилкунӣ огоҳӣ дод...
Баъди ба ҳисоби ячейкаи мо омадани Мағфират кори ҳаваскорони бадеии мо авҷ гирифт. То омадани ӯ роли занону духтаронро ҳам худи мо, яъне ҷавонписарон, мебозидем. Қарс мебастем, поҷомаҳои зеҳакдори занона мепӯшидем. Ба сар фаранҷӣ мегирифтем ва зӯр мезадем, ки занонаю духтарона маҳин овоз барорем. Зарур бошад, раво бошад. Вале ҳамон Воҳиди бечораро, ки дар як пьеса роли духтареро мебозид, саҳл монда буд, ки ҷавоне зада пазонад. Дар пьеса не, дар берун. Воҳид ҷавони лоғарандом, мавзун ва модаовоз ҳам буд.
Ё аз Абдуллоҳи алвонӣ, — ё Миёнбузург — пьесанависони ӯзбек, ман аз ду парда иборат «Модари ӯгай» ном пьесаро ба тоҷикӣ тарҷима карда будам. Роли ятимдухтарро, ки модари ӯгай ба сараш кулфати беҳисоб меоварад, ана ҳамин Воҳид иҷро мекард. Пьесаро нағз тайёр карда будем. Бесуфлёр бозӣ кардем. Саҳнаи тамошодиҳӣ як шипанг буд, ки дар даромадгоҳи бозори гӯсфанд дар ҷои сарои ҳозираи колхози «Чилсолагии Тоҷикистон»-и району Хуҷанд воқеъ буд. Мо се тарафи шипангро бо шолу гилем гирифта, ба пеш ба ҷои парда сӯзанӣ мекашидем. Гилему сӯзаниҳоро ҳам комсомолецҳо дар баробари сару либоси ҳаваскорон аз рӯи талабот аз хонаҳояшон меоварданд.
Қисса кӯтоҳ «Модари ӯгай»-ро аввал ба саҳна мегузоштем. Ба саҳнагузоранда ва иҷрокунандаи яке аз
рольҳои асосии ин пьеса ҳам ман будам. Чӣ қадар
16-3156
241

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё