Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
мехобем. Ба вай нағунҷем, ба болои суфа. Аммо ҳамин сол ин кайки сабил он қадар бисёр шуд, ки шаб то рӯз қимир-қимир карда, газида одамро ба хоб рафтан намемонад. Қайк аз наму шабуш аз ғам мегӯянд. Шабуш-ку нест шуда рафт, хайрият. Аммо зор монад, ин кайкро одам намедонад, ки чӣ хел нест кунад. Баҳор бориш бисёр шуд-дия, гардам, намгарӣ.
— Миллати шумо чист, оча?
— Ба худо шукр, мусулмон.
— Не ман мепурсам, ки шумо ӯзбек ё тоҷик?
— Ҳамту гӯед намешавад, тоҷик. Аммо аз тоҷикҳои Хуҷанди худамон.
— Ба худо боварӣ доред ё не?
Бибироҳила ба гӯшҳояш бовар накард, ки пурсид:
— Чӣ гуфтед?
— Ман гуфтам, ки ба худо боварӣ доред ё не, яъне шумо диндор ё бедин? — саволро пӯстканда карда ба миён ниҳод Воҳид.
Дидам, ки дар як он як зани меҳрубон, суханхоҳу сухангӯй ба гурбаи ваҳшӣ мубаддал шуд ва чеҳраи меҳрафшони ӯ ба қиёфаи душмани никорҷӯй.
— Аҳҳа, рӯи ту тирмизаку тиррончаро мурдашӯ шӯяд, ин чӣ гуфтагет! — Ӯ ҷаҳида бархосту ба ин тараф, он тараф нигоҳ кард. Ман зуд фаҳмидам, ки калтак мекобад. Ба Мағфирату Воҳид фармудам, ки тез баромада раванд. Аммо Воҳиди гӯл қалам дар дасту папкаю анкетаҳо дар рӯи зону интизори ҷавоб шуда менишаст. Ӯ ногоҳ дид, ки Бибироҳила тозон рафта, аз таҳи танӯр оташкови дарозеро гирифта, ба ҷониби ӯ метозад, зул папкаро пӯшида оҳувона хез зада, худро ба миёнҷони ҳавлӣ гирифт ва боз як бори дигар ҷаҳад, ба дари кӯча мерасид. Аммо Бибироҳила сари роҳи ӯро гирифт.
— Худи ту куҷоию кӣ? Фарзанди қизилбошу пирсиён, ё мусулмон! — Зан Воҳидро заданӣ шуда аз қафояш тохт ва як гирдогирди ҳавлича гиззонду расида натавониста, ҳарсос зада монд. Аммо Воҳидро ба гурехтан намегузошт. Пеши дари кӯчаро мегирифт. Ин дам Воҳид чашми ӯро чӣ тавр карду ғалат намуда, папкаро ба ман ҳаво дод. Ба як хез кардан болои танӯр ва аз он ҷо худро ба бом гирифта, ба кӯча партофт. Бибироҳилай аз нияти Воҳид дер огоҳшуда то назди танӯр тохта омаду ба лаби суфа нишаста, ҳой-ҳой гиристан гирифт.
— Ин чӣ хел замона-а! — мегуфт ӯ.— Дуппа дуруст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё