Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Гардам, чой монам гӯям, қабул накардеду фамил гуфта истодаед, — гуфт зан соддаёна. — Дар хона мо чои кабуд намехӯрем. Дили дадош чои кабуд ҷуста монад, ба самоворхонаи маҳалла мебароянд.
— Азоб дода чӣ мекунӣ? Фамилияамон-ку нест? — гуфтам ман аз ханда базӯр худдорӣ намуда ба Воҳид.
— Шумо чандсола?
— Мучалам мурғ, гардам. Соли эшони Ғавсулаъзам мурдагӣ, модарам мегуфт, ки ман зоида шудаам. Холаам мегӯяд, ки ё яккам ё дукам ҷилсола шудаам. Боз он тарафашро худо медонад.
— Фақат ба саволҳо ҷавоб диҳед, — гуфт Мағфират, ки танҳо ҳаёи духтарона ӯро аз ханда нигоҳ медошт.
— Ҳа акнун, духтарам, айб намекунед-дия. Мо одамҳои нахондагӣ, — маъзаратхоҳӣ намуд зан. — Сонӣ гӯед, андак хушам ҳам кам шудагӣ.
— Саводатон? — савол дод Воҳид.
— Бесавод, бачаҷон, — шармгинона гуфт зан. — Ҳамсояҳо, аз ин тараф Ҳидоятҷону аз он тараф Бимуслима, рафта шабона хонда истодаанду ман ҳам равам гӯям, ба ин хуш чӣ хел хонам?
— Ба комсомол Шарифҷон Латифов шумо кӣ мешавад?
— Шарифҷон писари аз ҳама калонии ману Латиф номи дадош, — гуфт зан.
— Хӯб, бас. Пас шумо ба вай модар мешавед, — мад кашид Воҳид, рӯи дуюми анкетаи дастнависи худамон дар ячейка тайёркардагиро гардонд. Даҳ нафар аъзоёни хушхати комсомол қариб як ҳафта овора шуда, ин анкетаҳоро рӯбардору зиёд карда буданд. — Акнун гӯед, ки авкотро бо даст мехӯред ё бо қошуқ?
— Шумо қизиқ, бачам, — гуфт Бибироҳила. — Оши қошуқ катӣ мехӯрдагӣ ҳаст, даст катӣ мехӯрдагӣ ҳаст. Оши суюки мошу биринҷ, мошпиёбаю ҷувориро бо қошуқ мехӯрем. Рафту хунук бошад, хӯр-хӯр дам мекашему аз паи корамон меравем. Аммо худо расонда бошад, оши палов, шавла, ширбиринҷу кичириро бо дастамон хӯрдан мегирем. Ҳама ҳам ҳамин хел, гардам.
— Ҳӯш, фаҳмидам. Акнун ба ин савол ҷавоб диҳед, — гуфт Воҳид. — Дар кат мехобед ё дар замин?
— Баҳор, ки шуду ба рӯи ҳавлӣ баромадем, — Бибироҳила ба кату суфа ишора намуд, — ҳо ана ба он

пешина
аз 447
навбатӣ