Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

сурати бобои худро дар рӯзи маҷлиси ёдвории шоир ба шуъбаи Леринободии Иттифоқи нависандагон ва мо онро ба китобхонаи байнирайони ба номи Асирӣ, ки дар шаҳри мост, ҳадя намудем.

Умеди пайдо намудани асаре, ки ба қавле ном дошту нишон надошт, пайдо шуд. Аммо қабл аз нақли ёфт шудани китоб ман мехоҳам ваъдаро ба ҷо орам. Ин як эпизодест аз кори ҳамон комиссияи маишат ва маданияти ячейкаи комсомолии мо.

Аъзоёни комиссияро барои зудтар иҷро намудани вазифа ба ду гурӯҳ тақсим намудем. Дар як гурӯҳ ман, Мағфират ва Воҳид ном боз як нафар комсомолец буд, ки папкабардорӣ мекард. Папка аз анкетаҳо пур буд. Мо дар маҳаллаи Қӯшмасҷид корро аз як ҳавлии комсомолец сар кардем, ки дар ӯҳдабарой ном бароварда буд. Канӣ бинем чӣ дар ҳавлиаш таъсир ва фаъолияти ӯ чигуна гуфта ба он ҷо рафтем.

Ба ҳавлӣ аввал Мағфират даромада рафту пас аз фурсате берун омада хабар дод, ки саги газанда ё зани аз мард гурезанда нест. Ҳавлӣ, ки як хона ва як айвони кӯҳна дошт, чунон танг буд, ки одам гумон мекард, деворҳо ӯро мефишоранд. Ҳавлиро як суфаи кулӯхдевори назди айвон ва як кати чӯбин, оташдону танӯр майдатар карда буданд. Мо як зани қадбаланд, тавонои тақрибан чилсола, ки нигоҳи малеҳона дошт, бо рӯи кушода пешвоз гирифт. Ба рӯи шол ба лаби суфа нишонд ва худ диккак нишаста, «оллоҳу акбар, хуш омадед, бачагонам» гуфта бархост ва аз он ки мо ба омин ҳамроҳ нашудем, кайфияташ дигар шуд.

— Ягон ҷой монам буд, фурсати шиштанатон ҳаст-мӣ? — пурсид ӯ ба хона даромаданӣ шуда.

Мо ӯро аз роҳаш боздоштем ва мақсади омаданамионро гуфтему ба саволдиҳую анкетапуркунӣ даромадем.

— Оҷа, номатон чист?
— Бибироҳила.
— Номи падаратон?
— Раҳмати мурда рафтагӣ бошанд ҳам, майлаш-мӣ?

— Майлаш, — оҳиста хандид Воҳид.
— Номашон усто Гадойбои гилкор, аз маҳаллаи Милтиқсозон.
— Фамилиятон?

пешина
аз 447
навбатӣ