Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

падаратонро аз рӯи нишондоди он кас падари Мирмуҳаммад, яъне Нури мисгар сохтааст?

— Дуруст, — тасдиқ намуд Шарафнисо. — Онҳо бо ҳам ошнои қарин ва ёри ҳазл буданд. Ба дилтангью закитабъии ӯ ишора карда, вай падарамро «мулло закатоп» — яъне закитабъ меномиду падарам бинобар ҳақоратгари гузаро буданаш, ба мисгар лақаби «Носазо» дода, Нуриносазо меномид.

— Ғайр аз ин дар Узбекистон низ дар хусуси падаратон мақолаҳо навиштаанд ва чанде пеш олими ҷавон Саидмуҳаммад Рофиев ва муаллим Сафо Аминзода як силсила мақолаҳо ба падаратон бахшиданд. Ҳама аз якдигар гирифта мегӯянд, ки Ҳоҷӣ Юсуф оид ба фалакиёт китобе навишта буд. Оё дуруст аст?

— Дуруст. Баъди чанд соли аз ҳаҷ гашта омадан, ӯ ба Қатаған рафта, як ҷои хилват ёфта, китобнависӣ кард ва ман дар хотир дорам, ки ду-се шаб дар ҳавлии берунамон одамонро ҷамъ карда, онро хонда дод, — гуфт Шарафнисо ва бо таассуф илова намуд: — Аммо баъди вафоти он кас аз байни китобҳояшон асарро наёфтем. Ки медонад, дар дасти кию дар куҷоҳо монда рафт.

— Истед, ки, ҳамшира, падаратон дар навис-навис ягон котибнома касе доштанд?

— Ду нафари онҳоро ман медонистам, — гуфт Шарафнисо, — яке Қориҳусайн ном як муллобача, ки аз падарам дарс мегирифт. Мегуфтанд, ки аслан аз Ғӯлакандоз асту дар мадрасаи Хоҷакамол истиқомат дорад. Дигараш Бобохон Муҳаммадхонов, домоди Тошхоҷа эшон Асирӣ, ки ба Исфара кӯчида рафтаанд. Он кас зиндаю саломатанд. Анча пир шудагистанд.

— Он касро мешиносам, — гуфтам ману ба ёд овардам, ки ба муносибати ҷашнгирии садсолагии рӯзи таваллуди Тошхоҷа Асирӣ мо як гулчини осори ӯро ба
чоп тайёр кардем. Хостем, ки аз хотираҳои дӯстон ва
наздикони шоир дар газетаи маҳаллӣ саҳифа низ барорем. Ба ҳамин муносибат суроғ намуда, ба Исфара
рафта, Муҳаммадхоновро ёфтам ва як мақолачаи ӯро
дар бораи Асирӣ овардам. Писари рассом Бобохон ӯ,
ки дар фонди бадеии шаҳри Исфара кор мекунад, бо
мадади падараш сурате кашид, ки ба ҳар донандаи
дар қайди ҳаёт будаи Асирӣ вақте ки нишон медоданд, филфавр «ин сурати эшонӣ Асирӣ» мегуфт. Набера

пешина
аз 447
навбатӣ