Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳавлиаш ҷудо, кораш бисьёр бошад ҳам, аз мо ҳамеша хабар гирифта меистад.

Дар ҳақиқат, кори ин зани меҳнатдӯст, ҷамоатчии машҳур кам нест. Мағфират то расидан ба мартабаи раиси республикавии иттифоқи касабаи муаллимони мактабҳои олӣ ва миёна, хеле зинаҳои меҳнат ва фаъолиятро тай кард. Фаъолияти меҳнатии ӯ ҳанӯз аз ҳамон соли ба ячейкаи мо омаданаш сар мешавад. Се сол ӯ бепул дар мактаб бачагонро дарс мегуфту фақат барои дарс додан ба курси маҳви бесаводӣ моҳона мегирифт. Комсомол ӯро ба аъзогии бюрои шаҳрӣ интихоб намуд. Ба шавҳар баромада, ба Душанбе омад ва инструктори Комитети Марказии комсомол ва аъзои бюрои комитети шаҳрии вай шуд. Ӯро партия ба инструктории Вазорати тандурустӣ фиристод. То соли чилӯм дар ин вазифа буд ва ҳис кард, ки маълумоташ кофӣ нест. Ӯ дохили институти педагогию ба номи Шевченко шуд ва онро соли панҷоҳум хатм намуд.

Меҳнати софдилона ӯро маҳбуби халоиқ гардонд. Дар даъвати шашум ӯ депутати Совети Олии республика интихоб гардид. Ҳашт сол аст, ки пай дар пай аъзои комиссияи ревизионии ВЦСПС ва чун намояндаи иттифоқи касаба аксар вақт ман ӯро дар пленумҳои Комитети Марказии Партия мебинам.

— Ба дастархон нигоҳ кунед, чаро ҳеҷ низ намехӯред? — пурсид Шарафнисо.

— Боз ба як саволи ман ҷавоб медиҳеду баъд ба хӯрдану нӯшидан шурӯъ мекунам, — ҳазл кардам ман, ки биқбиқи деги палавро мешунидам ва дар токча шишаи коньякро дидам. Дар бораи падари шумо аз ҳама пеш ҳанӯз дар соли ҳазору ҳаштсаду наваду нӯҳ газетаи «Тарҷимон»-и Исмоил Ғаспринский ва баъд дар соли ҳазору нӯҳсаду бисту сеюм Ҳоҷимуин ном касе навиштааст, ки шумо бояд донед?

— Ӯ ба хонаи мо меҳмон шуда буд, — гуфт Шарафнисо. — Аз Самарқанд омада буду мегуфт, ки дар газетаи «Овози тоҷик» кор мекунад.

— Дуруст. Баъди он Мирмуҳаммад Нурмуҳаммедов мақолае навишт.

— Писари Нури мисгарро мегӯед? — гуфт Шарафнисо. — Мақолаш дар журнали «Тоҷикистон» чоп шуд, ки худаш муҳаррири он буд.

— Оре, оё ин ҳам дуруст аст, ки пояи меҳвари глобуси

пешина
аз 447
навбатӣ