Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
будам. Ана шиносию ҳамкории ман бо Мағфират Пӯлодова аз ҳамон вақт сар шуда буд. Дере нагузашта фаҳмидам, ки ӯ набераи Ҳоҷӣ Юсуфи маъруф аст.
Дар ҳангоми кори ин комиссия як воқеаи аҷибе рӯй дода буд, ки онро сонитар нақл менамоям.
Дар сари дастархон Шарафнисо оҳ кашиду оби дида ва аз падар нақл сар кард.
— Тамоми бозёфти падарам ба дастархони меҳмонҳо мерафт. «Ношукрӣ нашавад, меҳмонҳои падарат ба дилам задаанд» — мегуфт модари раҳматиам. Чунки ҳеҷ як рӯзи бемеҳмонро хонадони мо дар ёд надошт.
Падарам ин хел ошно, дӯст ва шиносонро аз шаҳрҳои дигар ҳам дошт, ки фарз кардему ӯ ба ягон ҷо рафта бошад ҳам, дар меҳмонхонаамон бемалол истиқомат карда, рӯзе се бор ба дастархонамон нигоҳ мекарданд.
Баъзе вақт касал меомад. Падарам ӯро монандӣ палатаи беморхона дар як ҳуҷра мехобонду дорую дармон мекард ва аҷибаш ин аст, ки барои вай мо хӯроки алоҳида мепухтем. Шумо гумон накунед, ки ӯ барои табибӣ пул мегирифт. Ҳам нигоҳубин, ҳам доруҳояш бепул буданд. Модарам раҳмати маҳз ба ҳамин месӯхт.
Ӯ ба бемор то худаш набинад, дору намедод. Ҳол он ки табибони дигар аз рӯи нақли дигарон ҳам дору додан мегирифтанд. Падарам доруро додаравон ба бемор мегуфт: «Як ҳафта — рӯзе се бор ҳамин доруро хӯред, аз хобатон най барин мехезед». Аксари беморон аз доруи падарам сиҳат мешуданд.
Мепурсед, ки аз падар чанд фарзанд будем? — пурсид Шарафнисо, — Се нафар. Акам Ҳодиғафур аввал аз худи падарам дарс гирифт ва баъд дар мактаби русии маҳаллӣ хонд. Ӯ техникадевона буд. Аввал дар бозор дӯкон кушод, велосипеду дигар чизҳоро таъмир мекард. Соиӣ дар дарёи Сир заврақони милиция шуд. Пас аз ин мудири гараж буду то охири умр аз техника даст накашид. Фарзанди дуввум ман. Фарзанди севвум укаам — Бадрзуҳур буд, ки дар органҳои бехатарӣ кор мекард. Ба ӯ заҳр дода куштанд. Дар Деҳмой ба ӯ шӯрбо мехӯронанд, ҷасадаш, вақте ки ба хона оварданд, син-сиёҳ кумрон шуда буд. Худи маро пурсед, шукр соҳиби панҷ фарзанд шудам, ки калониаш ҳамин Мағфиратакам, марҳами ҷон.
— Духтарон аксар ба падару модар нисбат ба писарҳо меҳрубонтар мешаванд,— гуфт падари Мағфират.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё