Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
намегузашт. Ба маҷлисҳои кушоди мо аз пирон кашида то бачагон иштирок мекарданд. Гоҳе мешуд, ки ҳисоботи ташкилоти партиявиро дар маҷлисамон шунида, котибони онро сахтакак танқид мекардем. Дӯсти ман Мирзо Айюбҷонов нақл менамояд, ки боре ташкилоти комсомолии шаҳри Хуҷанд ҳисоботи котиби ташкилоти партиявии округи Хуҷандро аз забони котиби он Шарифҷон Раҷабов шунида, ӯро чунон танқид кардааст, ки вай баъди ин чанд нафари мунакқидонро «калон» карда, ба ноҳияҳо фиристода, хотирҷамъ шудааст.
Дар айни замон ташкилотҳои комсомолии маҳаллот камбудии калоне ҳам доштанд. Дар сафи онҳо духтарон набуданд. Рӯзе БюроИ пурмағали мо дар чойхона мегузашт. Дар вақти ҷамъомади бюро ҳатто самоворчӣ ҳам чойхонаро ба мо вогузор карда мерафт. Дар ин асно иҷозат гирифта, як духтарчаи чашму абрувонаш сиёҳ ва пешонифароҳу хандонрӯе дохил шуд.
— Ман ба ҳисоби ячейкаи шумо омадам. Гуфтанд, ки котиб дар ҳамин ҷо,— ӯ шармгинона печ хӯрда, аз як сар аъзоёни бюроро аз назар гузаронд.
— Шумо дар кадом ячейка будед? — даст ба коғази дар дасти духтар буда дароз намуда, котиби онвақтаи ячейка, ки корро аз ман қабул карда буд, пурсид.— Аз мактаб? Чаро аз ҳисоби он ҷо баромадед?
— Ба ман нигоҳ кун,— аз китфи котиб кашидам.— Ҳамаи ин саволҳоро дар горкоми комсомол ба вай додаанд. Ҷон-ҷон намегӯй, ки ячейкаи мо духтардор ҳам мешавад. Тухми инҳо аз анқоку.
Ҳама хандидем. Духтар ҳам ба мо ҳамроҳ шуда хандид. Ман аз дасти ӯ коғазро гирифтам. Дар рӯяш Мағфират Пӯлодова навишта шуда буд.
— Дар мактаб чӣ вазифаи комсомолӣ доштед? — боз пурсид котиб.
— Ҳой ин қадар саросема мешавӣ?— ба миёнаи сухан боз даромадам.— Бечора ҳозир омаду даррав ба гарданаш ягон бор мепартоймӣ?
— Шинед, хоҳарам,— гуфт котиб ба духтарак.— Мо ба наздикӣ комиссияи маишӣ ташкил кардему ба хонаҳои аъзоёни комсомол мефиристем, ки аз маишату маданияти онҳо бохабар шавем. Хуб шуд, ки шумо омадед. Як нафар духтар дар комиссия бошад, нағз. Бе пӯшт-пӯшт ба хонаҳо даромадан мегиред.
Мағфират розӣ шуд. Ман ҳам дар ҳайати комиссия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё