Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Маро дар дами дари кӯча духтари Ҳоҷӣ Юсуф Ша-рафнисои ҳафтоду дусола пешвоз гирифт. ЗуД кӣ буда-намро шинохт. Ӯ зани миёнақад, сабукчусса ва ба син-яу солаш нигоҳ накарда чолок аст. Гуфтугӯи моро шу-нида, аз сари полизкории ҳавлии хеле калон ва дорои дарахтони гуногуни мева марди миёнақади китфаш андак хамидае ба мо наздик шуду чашмонашро ним-рог намуда, назар ба ман дӯхт. Ман ӯро дарҳол ши-нохтам. Ӯ шавҳари Шарафнисо буд. Пӯлодамак Зоки-ров ҳоло ҳаштодсола.

Ҳоҷӣ Юсуф дар деҳаи Катағани Хуҷанд заминҳои корам дошт ва яке аз деҳқонони ӯ ҳамин мард буд. Олим, ки аксар чорьяккоронашро худ соҳиби хонаю ҷо ва зан мекард, ба ин ҷавони меҳнатдӯст меҳр мон-да, боре дар вақти хушҳолӣ мегӯяд, ки писараш хоҳад шуд. Маънии ин домоди ман мешавӣ буд. Аз рӯи ва-сияти Ҳоҷӣ баъди як соли вафоти ӯ Шарафнисоро ба Пӯлодбоӣ доданд.

Пӯлодбобо пирона қадам монда омаду «агар хато накунам, шумо писари усто Абдуҷалили кафшдӯз» — гӯ-ён синча ва даст ба сӯям дароз кард. Вохӯрӣ ва ҳол-пурсӣ кардему ба ҳавлӣ даромадем. Дар ин ҷо ба ис-тиқболи мо духтари онҳо Мағфират Пӯлодова тозон аз хона баромад. Бо падару модари ӯ ман фақат ши-нос. Бо худи Мағфират бошад, дӯсти дерина.

Ман дар ячейкаи комсомолии Таҳти Тутикалон соли бисту нӯҳӯм котиб ва аъзои бюро будам. Маро ҳам ба комсомоли соли бисту шашӯм ҳамин ячейка қабул кардааст. Он вақт кори комсомол аз мӯйсар зиёдтар буд. Ғайр аз корҳои ташкилот, тамоми кори ташвиқоту тарғиботи маҳалла дар дасти мо буд. Азбаски котибони ташкилотҳои партиявии маҳаллот аксар аз камсаводоне буданд, ки аз рӯи ибораи ҳамон замон, аз паст боло шудаанд, корҳои техникии ташкилоти партиявӣ, аз ҷумла қарорнависӣ ва ҳаққи аъзогирӣ ҳам дар зиммаи мо буд. Ғайри ҳамаи ин, налогғундорӣ, интишори заём, нақши кардани тухми кирмак, ба кирмакпарварони бедастёр барг зада бор карда оварда додан ва ғайра ва ғайра корҳои хайр ба гардани комсомол гузошта шуда буданд. Аз ин рӯ комсомол обрӯи калоне ҳам дошт. Тӯю сури маҳалла бе маслиҳати мо

пешина
аз 447
навбатӣ